Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Пойтахти Неамей

1

Неамей (Niamey), пойтахти Рес­публикаи Нигер. Маркази маъмурии департаменти Ниамей. Дар соҳили дарёи Нигер воқеъ гаштааст. Иқлимаш субэкваторӣ; ҳарорати миёнаи солона 25° С; боришоти солона 350 мм. Аҳолиаш беш аз 250 ҳазор нафар (1980). Ниамей— маркази асосии сиёси, иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Узели муҳи­ми нақлиёт ва бандари дарёи; аэ­ропорташ дорои аҳамияти …

Муфассал »

Неъматуллоҳи Валӣ

1

Яке аз силсилаҳои маъруфи тасаввуф. Асосгузораш сӯфӣ ва шоири машҳури асри 14 Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, ки шаҷарааш ба имоми панҷӯми шиа Му­ҳаммад Боҷир мерасад. Дар давраи ҷавонӣ дар Самарқанд, Ҳирот ва Язд зиндагӣ карда, 25 соли охири ҳаёти дарвешонаи худро дар деҳаи Моҳо­ни Кирмон гузаронида, дар ҳамон ҷо мадфун аст. …

Муфассал »

Деҳаи Неъматбоӣ

1

Неъматбоӣ деҳаест дар Совети қишлоқ Алмосии pайони Ҳисори РСС Тоҷикистон. Территорияи заводи зотпарварии «Роҳи Ленин». Аз Неъматбоӣ то маркази Совети қишлоқ 5 км. Аҳолиаш 180 нафар (1982), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Аҳолӣ бо чорводорӣ, ғаллакории лалмӣ (асосан гандум, ҷав) машғул аст.

Муфассал »

Деҳаи Неъмат Қаробоев

1

Неъмат Қаробоев деҳаест дар Совети қишлоқ Куйбишеви pайони Коммунисти, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи совхоз-техникуми ба номи В. В. Куйбишев. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 12 км, то район 11 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 350 нафар (1982), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо ба воситаи канали Қовунтеппа …

Муфассал »

Неъмат Султонмуҳаммади Ной

Неъмат Султонмуҳаммади Ной (маъруф ба Неъмати Ноӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳофиз, машшоқ ва мусиқидони асри 17 тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро, дар Деҳлӣ фавтидааст. Чанд муддат дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда, илмҳои мусиқӣ, бадеъ, қофия, сарфу наҳв, риёзиётро аз худ намудааст. Неъмат Султонмуҳаммади Ной сабки хоси сарояндагию навозандагӣ ва таснифоти …

Муфассал »