Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Дехаи Обиширин

Обиширин, дехаест дар Совети қишлоқи Кангурти райони Совет, вилояти Кӯлоб, Территорияи совхозии «Кангурт». Аз Обиширин то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 31 километр. Аҳолиаш 1400 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола, магазин ва осиёи электрӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғаллакории лалмӣ, обчакорӣ, чорво ва кирмакдорӣ. Сокинони деҳа аз …

Муфассал »

Чашмаи Обишир

Обишир, чашмаи минералии обаш хунук дар водии дарёи Дижикрӯди райони Айнии вилояти Ленинобод. Чашма дар зонаи тектоникӣ (рӯғеҷаи байни ҷинсҳои палеозой — аз боло ва таҳнишастҳои мезозой — аз поён) ҷой гирифта, дебиташ 0,3 литр/сония ва ҳарорати обаш 11° Селсия аст. Обишир ба гурӯҳи обҳои гази карбонатдор, сулфиди гидроген, силикат, …

Муфассал »

Обишир

0

Обишир, мағораҳоест дар давраи мезолит, ки дар маҷрои қадимаи дарёи Сӯх, соҳили рости сои Обишир. вилояти Фарғона воқеъ аст. Соли 1966 отряди археологии Институти таърих ва археологияи Академияи Фанҳои РСС Узбекистон дар Обишир хафриёт гузаронд. Мағораҳои 1 ва 5 ба ҳазораи 8 то милод тааллуқ доштаанд. Обишири 1—25,5 метр паҳноӣ, …

Муфассал »

Деҳаи Обихирф

Обихирф, деҳаест дар Совети қишлоқи Зиддии pайони Ленини РСС Тоҷикистон. Территорияи совхози ба номи Ҳасан. Аз Обихирф то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 92 километр. Аҳолиаш 330 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асо­сии хоҷагӣ — чорводорӣ ва тамокукорӣ. Заминҳо аз дарёчаи Зиддӣ обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Чашмаи обисафед

Обисафед, чашмаи гарми мине­ралӣ дар pайони Ғарми PCG Тоҷикистон 22 километр шимоли ғарбтари деҳаи Ҳоит, дар водии дарёи Қароқушхона воқеъ аст. Оби чашма аз тарқишҳои тектоникии байни табақаи оҳаксангу варақсангҳои силури боло ҷорист. Дебиташ 10—12 л/сония, ҳарорати об 51° Селсия. Оби чашма аз қабили обҳои силисий (50 миллиграмм/литр), фтор (11 …

Муфассал »