Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОЙ

boy

БОЙ доро, ғанӣ, шахси сарватманд, давлатманд. 1. Истилоҳи Бой ҳамчун табақаи иҷтимоӣ шахси доро ва сарватмандеро ифода мекунад, ки дар ҷомеа нуфузу эътибор ва мавқеи хосса дорад. Одатан шахсонеро Бой мено­миданд, ки барои зисту зиндагӣ сарвати кофӣ ва сармояи афзун дошта, аз ҷиҳати иқтисодию молиявӣ танқисӣ намекашиданд. Бойҳо дар ихтиёри …

Муфассал »

БОИС

bois

БОИС (сабаб, мӯҷиб), номи яке аз баҳрҳоест, ки арӯзиёни форс-тоҷик Баҳромии Сарахсӣ ва Бузурҷмеҳри Қоинӣ баъди Халил ибни Аҳмад ихтироъ кардаанд. Сабаби Боис ном гирифтани ин баҳр он аст, ки доираи Мунғалата аз он оғоз  ёфта, бо он ба охир мерасад. Рукнҳои асосии Боисро аз ҷузви якуми рукни аввали дои­раи …

Муфассал »

БОИНТИЗОМӢ

bointizomi

БОИНТИЗОМӢ, сифати муҳимми маънавӣ, ки бо муносибати масъулиятноки инсон ба кор, бо эҳсоси инкишофёфтаи вазифашиноеӣ, бо талаботи ниҳоят баланд ба рафтору кирдори худ ва дигар одамон тавсиф дода меша­вад. Малакаи Боинтизомиро дар кӯдакон аз лаҳзаҳои аввалини ҳаёт, яъне то ба мактаб рафтан ташаккул бояд дод. Зуҳуроти Боинтизомӣ дар кӯдакони синни …

Муфассал »

Boeing Commercial Airplanes

787 Premier at Everett Factory - July 8, 2007
K64106-11

«БОИНГ», ширкати амрикоӣ, яке аз бузургтарин дар ҷаҳон истеҳсолкунандаи техникаи авиатсионӣ, кайҳонӣ ва ҳарбӣ. Қароргохаш дар шаҳри Чикагои иёлати Иллинойс. Аз ду бахши асосӣ иборат аст: маҳсулоти гражданӣ! (Boeing Commercial Airplanes) ва ҳарбӣ (Integrated Defense Systems). Ширкат ҳамчунин бахшҳои маблағгузории лоиҳаҳо (Boeing Capital Corparation), дастгирии инфрасохторӣ (Shared Services Group) ва …

Муфассал »

БОЗХОНДИ ВАКИЛИ МАРДУМӢ

vakilon

БОЗХОНДИ ВАКИЛИ МАРДУМӢ, падидаи боздошти пеш аз муҳлати ваколати вакили мардумӣ дар асоси изҳори иродаи интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии марбута тавассути овоздиҳӣ. Дар таҷрибаи байналмилалӣ Бозхонди вакили мардумӣ кам ба чашм мерасад. Дар давлатҳои низоми демократии либералӣ, бинобар мавҷуд будани принсип (усул)-и намояндагии миллӣ, ҳолати мазкур ҷой надорад, вале дар амалияи …

Муфассал »