Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОҚИМУҲАММАДИ ӮРОТЕППАӢ

images

БОҚИМУҲАММАДИ ӮРОТЕППАӢ хаттоти тоҷик (асри 19). Дар маҳаллаи Боғкалони Ӯротеппа дар оилаи боғбон таваллуд ёфта, назди тағояш, хаттоти номӣ Тӯрахоҷаи Истаравшанӣ таълим гирифтааст. Боқимуҳаммад бисёр ашъор ва асарҳоро китобат кардааст. Аз ҷумла «Нигористон» ном асари китобаткардаи ӯ дар Ганҷинаи дастхатҳои Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон таҳти рақами 3494 маҳфуз аст.

Муфассал »

БОҚИМУҲАММАД

images

БОҚИМУҲАММАД  (фавт 1605), хони Бухоро, аз сулолаи Аштархониён (1601-05), писари Султон Ҷонибек. Вакили Шайбониён Пирмуҳаммадхон (1598 -1601) Боқимуҳаммадро барои хидматҳои шоёнаш ҳокими Самарқанд таъйин кардааст (1599). Боқимуҳаммад баъди мавқеи худро мустаҳкам намудан ҳатто аз итоат ба Пирмуҳаммадхон саркашӣ карда, ба муқобили ӯ мешурид. Моҳи июни 1601 дар Боғи Шамоли Самарқанд …

Муфассал »

БОҚИЛОНӢ Абубакр Муҳаммад ибни Таййиб

images

БОҚИЛОНӢ Абубакр Муҳаммад ибни Таййиб (950, Басра – 1013, Бағдод), мутакаллим ва фақеҳи маъруфи араб, намояидаи ашъария. Илмҳои замонашро дар зодгохаш омӯхта, ба мазҳаби ашъария гароид ва яке аз доиёну мубаллиғони таълимоти ин ҷараён гардид. Азудуддавла ӯро барои баҳсу мунозирахои илмию шаръӣ бо аҳли эътизол ба Шероз даъват кард. Боқилонӣ …

Муфассал »

БОҚИЛО

vicia_faba

БОҚИЛО (Vicia faba ё Faba vulgaris), боқало, боқлӣ, як навъ зироати лубиёӣ. Тиррешаи дароз (то 200 см) дорад. Пояаш рост (150-200 см), дарунхолӣ. Баргаш паршакли ҷуфт. Хушагулаш сергул; гулаш сафед, гулобӣ, дар канорҳояш доғҳои сиёҳ дорад. Мевааш ғилофаки 4- 6-тухма (дарозиаш 4-10 см; вазни 1000 дона тухмаш 300-800 г). Боқило …

Муфассал »

БОҚИИ ҶАРРОҲИ САМАРҚАНДӢ

images

БОҚИИ ҶАРРОҲИ САМАРҚАНДӢ оҳангсоз, ҳофиз, навозанда, мусиқидон, шоир ва табиби тоҷик (нимаи дуюми асри 16 – аввали асри 17). Зодгоҳаш Самарқанд. Асосҳои назариявию амалии илми мусиқӣ ва дигар илмҳои замонашро аз падараш, ки табибу донишманди машҳур буду табъи шоирӣ низ дошт, омӯхтааст. Баъдтар ба Бухоро рафта, назди Кавкабии Бухороӣ шогирдӣ …

Муфассал »