Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОЛОҲИСОР

kala

БОЛОҲИСОР, қалъаи ҷангии машҳуре дар қисми ҷанубӣ шарқии шаҳри кунунии Кобули Афғонистон. Истилоҳи Болоҳисор аз ду калима: боло – баландӣ ва ҳисор – қалъа таркиб ёфта, маънои қалъаи дар баландӣ ҷойгиршударо ифода мекунад. Мавқеияти Болоҳисор имкон дод, ки қалъа дар муқобили ҳамлаи душман мустаҳкам ва қавӣ бошад. Болоҳисор дар масири …

Муфассал »

БОЛОҲАВЗ

bolohavz

БОЛОҲАВЗ, ансамбли меъморӣ дар қисми ғарбии Ар­ки Бухоро, ки аз масҷид, манора ва ҳавз иборат аст. Қадимтарин қисмати ансамбли меъморӣ ҳавзи хаштгӯшаи бо тахтасангҳо рӯкашшуда аст, ки дар қисми марказии он воқеъ мебошад. Ин ҳавз яке аз ҳавзҳои сершумори Бухо­ро буд, ки то фарорасии даврони шуравӣ аҳолиро бо оби ошомиданӣ …

Муфассал »

БОЛОХОНА

bolokhona

БОЛОХОНА, дар санъати меъморӣ хонае, ки дар бо­лои бинои асосӣ сохта мешавад. Дар Осиёи Марказӣ Болохонаро дар болои дарвозаҳона низ месозанд. Болохона айвондор ва беайвон мешавад. Таъйиноти ҳар ду навъи он дар фасли гармо барҳаво шудани иқоматгоҳ аст. Болохона аслан дар биноҳои иқоматӣ, вале гоҳе дар биноҳои фарҳангию маъмурӣ низ …

Муфассал »

БОЛОТНИКОВ Петр Григорович

pyotr_bolotneykov

БОЛОТНИКОВ Петр Григорович (таваллуд 8.3.1930), варзишгари рус (варзиши сабук). Устоди хидматнишондодаи варзиши Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (1959), чемпиони шонздаҳкаратан Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (1957-62) дар давидаи ба масофаи 5000 ва 10000 метр, чемпиони Аврупо (1962) ва Бозиҳои олимпӣ (1960) дар давидан ба масофаи 10000 метр. Рекордсмеии ҷаҳон дар давидан ба …

Муфассал »

БОЛОР

bolor

БОЛОР, ҷузъи меъморӣ, ки барои пӯшидани биноҳои иқоматӣ, маъмурӣ, фарҳангӣ ва дар сохтмони пулҳо (купрукҳо) истифода мешавад. Андоза, шакл ва иқтидори Болор вобаста ба ҷой ва мавқеи истифодаи он муайян мегардад. Аслан дар меъмории биноҳо Болорҳои чӯбӣ кор меоянд, ки се навъанд: лӯлаболор, чорлабболор (Болори чоррах ё чортарош), Болори пушти …

Муфассал »