Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЛОҲАВЗ

БОЛОҲАВЗ

bolohavzБОЛОҲАВЗ, ансамбли меъморӣ дар қисми ғарбии Ар­ки Бухоро, ки аз масҷид, манора ва ҳавз иборат аст. Қадимтарин қисмати ансамбли меъморӣ ҳавзи хаштгӯшаи бо тахтасангҳо рӯкашшуда аст, ки дар қисми марказии он воқеъ мебошад. Ин ҳавз яке аз ҳавзҳои сершумори Бухо­ро буд, ки то фарорасии даврони шуравӣ аҳолиро бо оби ошомиданӣ таъмин мекард. Номи ансамбли меъморӣ аз номи ҳамин ҳавз гирифта шудааст. Дар оби ҳавз акси ма­нора ва айвонро бо қаторсутунҳояш равшан дидан мумкин аст. Дар ибтидои асри 18 (1712) дар қисми ғарбии ҳавз масҷиди муҳташаме сохта шуд, ки масоҳати тарҳи бинои он 11,5 м2 аст. Масҷид толори калони гунбаздор, ҳуҷраҳо ва аз се тарафаш айвони дуқабата дорад, сақфаш чӯбини кандакоришуда аст. Ин масҷид аз зеботарин масҷидҳои Бухоро мебошад. Айвони масҷид дорои 20 сутуни баланди кандакорӣ буда, соли 1917 сохта шудааст. Худи ҳамон сол дар қисмати ҷанубии майдон, байни ҳавз ва айвон аз хишти пухта манорае сохтанд, ки ба Манораи калон монандӣ дорад. Баъдтар ду мадрасаи хурди якошёна низ ба ансамбл дар ҷануб ва шарқ илова гардид. Ансамбл бо усули кошикорӣ, гаҷкорӣ, мунаббаткорӣ ва кандакорӣ оро ёфтааст. Агар аз тарафи майдони Регистон ба ансамбл назар афканем, манзараи масҷид, ҳавлӣ, мано­раи хурд ва ҳавз ба кас таассуроти аҷибе мебахшад.

Адабиёт.: Всемирная история архитектуры в 12 тт. Москва, 1969; Ашуров Я. С. ва дигарон. Бухара. Краткий справочник. Ташкент, 1971; Муқимов Р., Ҷӯраев Т., Каримов М. Луғати мухтасари русӣ – тоҷикии тафсирии мухтасар аз меъморию бинокорӣ. Душанбе, 2007.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …