Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОУЛИНГ

bouling

БОУЛИНГ (англисӣ bowling – бозӣ бо саққо ва кегелҳо), бозии варзишӣ – фароғатӣ. Мақсади бозӣ аз масофаи муайян бо ғелондани миқдори ками саққоҳо тавассути роҳчаи чубини девордор бештар зада афтондани чиллакҳои дар майдончаи охи­ри роҳча бо тартиби муайян гузошташуда мебошад. Саққоҳо аз маводди синтети­кӣ ва пахта сохта ме­шаванд. Дар саққоҳхо …

Муфассал »

БОТУХОН

botukhon

БОТУХОН (1206-1255 ё 1256), сипаҳсолор, хони муғул. асосгузори давлати Урдаи Тилоӣ (соли 1243). Писари Ҷуҷӣ ва набераи Чингизхон. Пас аз падараш (фавт 1227) сарвари улусиҶуҷӣ шуд. Ботухон соли 1235 аз ҷониби Уқтой барои забти кишварҳои Аврупои Шарқӣ сарфармондеҳи нерӯҳои муғул таъйин гардид. Баъди забти Булғория (соли 1236) дар иттифоқ бо …

Муфассал »

БОТУРТЕППА

boturteppa

БОТУРТЕППА, деҳаи кӯшкдорест, ки тахминан аср­ҳои 7-8 милод дар масофаи 14 километр дуртар аз самти шарқии шаҳри Панҷакент дар Дашти Малла, соҳили чапи дарёи Зарафшон бино ёфтааст. Ёдгори кӯшкдор, ки солҳои 1953-54 аз тара­фи бостоншинос А. М. Манделштам ва соли 1975 аз тара­фи Ю. Яъқубов ҳафр шудааст. Кӯшк дуқабата буда, …

Муфассал »

БОТУРАЛИЕВ Раҳмат

images

БОТУРАЛИЕВ Раҳмат (таваллуд 10,8.1943, шаҳри Хуҷанд), рассом, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1998). Хатмкардаи омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов (1964). Рассом (1964-84), саррассом (1984-89), рассом-муҷассамасози (1989-1994) Фонди бадеии вилояти Суғд. Аз соли 1994 раиси шуъбаи вилоятии ИР Тоҷикистон. Фаъолияти эҷодиашро аз сураткашӣ дар мавзӯъҳои таърихӣ, расмҳои мавзӯӣ ва манзаравӣ шурӯъ …

Муфассал »

БОТУЛИЗМ

botulizm

БОТУЛИЗМ (аз юнонӣ botulus – ҳасиб), аллантиа­зис, ихтиизм, аз ҷумлаи бемориҳои вазнин; заҳролудии шадиди сироятӣ аз хӯрок. Ботулизм дар натиҷаи аз таъсири ботулотоксин осеб ёфтани мағзи дарозрӯя ва ҳароммағз падид меояд. Ангезаи Ботулизм – Clostridium botulinum дар муҳити беоксиген (нигар Анаэробҳо) рушд намуда, спораву заҳр ҳосил мекунад, ки тақрибан 0,3 …

Муфассал »