Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУЛЛО

mullo

МУЛЛО (арабӣ — пурдон, бисёрдон), 1) шахсест, ки дар мактаб ва мадрасаҳои динӣ дарс медод; 2) фарде аз уламои дин ва шариат; 3) бо калимаҳои хешутаборӣ якҷоя омада ба маънои эҳтиром истифода бурда мешавад.

Муфассал »

МУЛКАКГУЛ

mulkakgul

МУЛКАКГУЛ, мулкаки б ӯ ё (Lathyrus odoratus), гиёҳи яксолаест аз оилаи лубиёиҳо. Баландиаш аз 25 сантиметр то 2 метр; пояаш сершохча, баргаш мураккаб (аз 1 ҷуфт барг­ча иборат), гулаш калон (дарозиаш 2—3 сантиметр), гуногунранг (аз сафед то бунафш) ва ниҳоят хушбӯй, ғилофакаш 4-6 тухма, тухмаш калони бӯри сиёҳтоб. Моҳҳои июн-август …

Муфассал »

МУЛКАК

lathyrus

МУЛКАК (Lathyrus mulkak), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи лубиёиҳо. Баландиаш 65—120 сантиметр; пояаш сершохча, баргаш мураккаб (аз 2— 4 ҷуфт баргчаҳо иборат), хӯшагулаш 2—6-гула, гулаш калони сурх ё бунафши сурхтоб, гилофакаш 4— 6-тухма, тухмаш қаҳваранги холдор. Моҳҳои май—сентябр гулу мева мекунад. Растании хоси (эндеми) Помиру Олой аст. Дар бешаи паҳнбарг, арчадор, …

Муфассал »

МУЛК

mulk

МУЛК (Lathyrus sativus), гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Ба­ландиаш 30—100 сантиметр; пояи рост,    барги мураккаб      (аз 1 ҷуфт баргча    ибо- рат), гули      бунафш, сурх, гулобитоб, сафеди кабудтоби бунафш, ғилофаки 2—6- тухма, тухми дорчинии холдор дорад. Моҳҳои июн —июл гулу мева мекунад. Мулк дар кишварҳои баҳри Миёназамин, Осиёи Хурд, Хитои Ғарбӣ, …

Муфассал »

МУЛК

mulk

МУЛК ми л к (арабӣ — дороии ғайри манқул), як навъи моликияти хусусӣ ба замин дар Закавказия ва дигар мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна. Мулк дар аҳди Умавиён маълум бошад ҳам, дар Хилофат он қадар паҳн нашуда буд. Истилоҳи «Мулк» дар мамлатҳои Шарқ дар рафти қувват ги- рифтани феодализм маъноҳои …

Муфассал »