Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУНДА

munda

МУНДА, гурӯҳи халкҳои Ҳиндустон (аз ҷумла худи мунда, санталҳо, хо, кхариа, корку, савара, гадаба, ҷуанг, бирҳорҳо, буҳумиҷҳо ва ғайра), ки асосан дар ҷануби штати Би­ҳор, штатҳои Орис, Банголаи Ғарбӣ зиндагӣ мекунанд. Шумораашон тақрибан 7,5 миллион нафар. (1978). Ба забо­ни мунда гап мезананд. Ба дини дорои унсурҳои анимистии бо ҳиндуия омехта …

Муфассал »

МУНАВВАРЙ

rushnoi

МУНАВВАРЙ (аз арабӣ нуронишуда; равшав), зичии сатҳии се­ли афканишотест, ки ба сатҳ меафтад. Формулааш Е = Ф/S (Ф — сели рӯшноӣ, о — масоҳати сатҳи танвиршаванда). Водиди ченкуниаш люкс аст, ки ба ивази водиди кӯҳна —фот қабул карда шудааст.

Муфассал »

МУНАББАТ

nakshi-rastani

МУНАББАТ (арабӣ — нақши растанӣ), навъи нақшест, ки ба тасвири гиёҳу растанӣ ва гулу гулдон асос ёфтааст. Дар баъзе маҳалҳо он­ро «кӯзачаислимӣ» мегӯянд. Нигаред низ Дарахтсозӣ.

Муфассал »

МУН

deha

МУН, деҳа, маркази Совети қишлоқи Навободи pайони Шуғнони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территорияи совхози «Ватан». Аз Марказ то маркази район 35 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1080 нафар. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, ошхона ва устохонаи либосдӯзӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — чорводорӣ. Аҳолӣ аз оби дарёҳои Ғунд ва Мундара истифода …

Муфассал »

МУМТОЗ Муҳаммадобид ибни Муҳаммадаобид

person

МУМТОЗ  Муҳаммадобид ибни Муҳаммадаобид (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва хаттоти асри 17 тоҷик. Аз оилаи ҳунарманд. Дар Самарқанд касби камол карда, дар шеъру шоирӣ шогирди Бадеи Ҷа- молистонӣ (Самарқандӣ) будааст. Ба таъкиди Тоҳири Насрободӣ дар фанни шеър аз устодаш бештар шӯҳрат доштааст. Мумтоз мувофиқи маълумоти Малеҳо шоири соҳибдевон …

Муфассал »