Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУРШИД

murshid

МУРШИД (арабӣ*~ иршодкунанда, роҳнамо, пир), дар тасаввуф шахсеро гӯянд, ки ба туфайли риёзати бадан, зикри бардавом (хафй ё ҷаҳрӣ), самоу ғизо, сайру сулук, муҷоҳидаю мушоҳида, зӯҳду тақво ва ваҷду ирфон ба дараҷаи шайхӣ ё мартабаи қутбӣ расида, дар ҷараёни тариқат муридонро роҳбарӣ ме­намояд. Баъзе Муршидҳо сарвари силсилаҳои тасаввуф ё асосгузори …

Муфассал »

МУРЧОЛ

murchol

МУРЧОЛ, мурчал роҳи зеризаминӣ ва мағоке, ки барои ги- рифтани қалъа ё аз он гурехтан дар атроф ва дохили он канда мешуд. Лашкари мамлакатҳои Шарқи Қа­дим аз Мурчол барои фатҳи қалъаҳои мустаҳками душман истифода мебурд. Мурчолро одатан махфӣ дуртар аз беруни қалъа то зери девори он мекофтанд ва тавассути вай …

Муфассал »

МУРЧ

murch

МУРЧ, мурчи с и ё ҳ, фулфул, ф и л ф и л, (Piper nigrum), буттаи лианмонандест аз оилаи  мурчиҳо. дарозиаш то 12 метр; пояи борик, барги байзашакли думчадори пайдарҳам ҷойгиранда, хӯшагули саракмонанд (дарозиаш 5—10 сантиметр), гули май­даи сафед ё зардтоб ва ғӯраки якпалла дорад. Аз вазиши бод гардолуд мешавад. …

Муфассал »

МУРУРИ ЗАМОН

mururi-zamon

МУРУРИ ЗАМОН, мафҳумест, ки тафовути воқеии гузаштаю ояндаи ашёву ҳодисотро инъикос намуда, барои мантиқан тасвир кардани просессҳои барнагарданда ёрӣ мерасонад. Қариб ҳамаи қонунҳои физикаи муосир вақти пешраванд а (бо истилоҳи математикӣ — аломати самташ мусбат) ва вақти ақибраванда (аломати самташ манфӣ) -ро аз ҳам фарқ намекунад. Ин чунин маънӣ дорад: …

Муфассал »

МУРУДИ ХИРСАК

murudi-hirsak

МУРУДИ ХИРСАК, хирсакмуруд (Pyrus regelii), дарахтест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш 1,5— 6 метр (диаметри танааш то 60 сантиметр), Муруди хирсак:      1 — шохчаи гул; 2 — мева. пӯстлохаш ашҳабӣ, сиёҳтоб, баргаш 3—9-ҳиссагӣ (дарозиву бараш 7—8 сантиметр), хӯшагулаш в—19-гула, гулаш сафеди 3— 10-гулбарга, мевааш (6 гула) мудаввар, хеле сахт, талху турш. …

Муфассал »