Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУСАЛЛАС

triangulum

МУСАЛЛАС (арабӣ русиаш Треугольник, лотинӣ Triangulum), бурҷест дар Нимкураи шимолии осмон, тобиши муниртарин ситораҳояш ба 3,0 ва 3,4 қадри ситоравии зоҳирӣ баробар аст. Шароити мусоиди мушоҳида моҳи октябр Аз ҳамаи мавзеъҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР намоён аст. Нигаред Осмон.

Муфассал »

МУСАЛЛАС

musallas

МУСАЛЛАС, май, навъи май, ки аз шарбати ангур, инчунин аз мавиз тайёр мекарданд. ҷозир технологияи Мусаллас такмил ёфтааст. Онро дар заводҳои майкашӣ тайёр мекунанд. Нигаред низ Май, Майкашӣ.

Муфассал »

МУСАЛЛАС

sher

МУСАЛЛАС (арабӣ— сегона, се­тоӣ), як навъи шеър аст, ки аз як­чанд банд иборат буда, ҳар бан­ди он аз се мисраъ таркиб меёбад. Мусаллас хамчун шакли мустақили шеърӣ дар назми классикии форс-тоҷик пас аз асри 15 ривоҷ ёфт. Мушфикӣ эҷодкори жанри Мусаллас дониста шудааст. Мусалласи Мушфиқӣ 14 банд дошта, ду мимраи …

Муфассал »

МУСАЙЯБ ЙБНИ ЗУҲАЙР

person

МУСАЙЯБ ЙБНИ ЗУҲАЙР (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз ҳокимони хилофати араб дар волигии Хуросон. Соли 780 халифа Мусайяб Ибни Зуҳайрро ҳокими Хуросон таъин намуд, то вай ба исёни Муқаннаъ, ки тамоми Мовароуннаҳрро фаро гирифта буд, зарба занад. Ӯ дар Хуро­сон қувваи бисёре ҷамъ карда, ба Бухоро рафт ва …

Муфассал »

МУСАЙЛИМА

person

МУСАЙЛИМА      (номаш Мас­лама; Соли таваллуд номаълум — вафот 633), аз аҳли ханифия буда, пеш аз ислом дар нимҷазираи Арабистон тавдид (яккахудоӣ )-ро тарғиб кардааст. Роҳбари динии қабилаҳои сокини водии Ямома буд. Мусайлима дар давраи ха­лифа Абӯбакр дар ҷанги зидди ка­билаи Банӣ Ҳанифа ҳалок гардидааст. Дар адабиёти баъдинаи динӣ Мусайлимаро барои …

Муфассал »