Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

РОФИЗИЯ

РОФИЗИЯ (арабӣ — рад кардан, тарк кардан), яке аз фирқаҳои диниест, ки дар меҳру дӯстӣ ба халифаи чаҳоруми рошиди Алӣ ибни Абутолиб ва фарзандонаш муболиға ва ифрот намуда, ақидаи садобаро доир ба эътироф намудани хилофати Абубакру Умар рад менамояд. Дар маъхазҳо фирқаҳои кайсония, ямония, исмоилия, муборакия ва ғайраро аз ҷумлаи …

Муфассал »

РОФИЕВА Зебӣ

РОФИЕВА Зебӣ (1909, шаҳри Хуҷанд —24. 9. 1977, шаҳри Ленинобод), шоҳибоф, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960). Солҳои 1934—1968 пиллакаши Комбинати абрешими Ленинобод ва аз соли 1969 нафақахӯри шахсӣ буд. Рофиева дар муваффақиятҳои истеҳсолии комбинат ва тарбияи мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамо¬таи Президиуми Совети Олии РСС …

Муфассал »

РОУЛИНСОН Генри Кресвик

rg

РОУЛИНСОН (Rawlinson) Генри Кресвик (11. 4. 1810, Чадлингтон, Оксфорд—5. 3. 1895, Лондон), шарқшинос ва дипломати англис, яке аз асосгузорони ошуршиносӣ. Солҳои 1827—1839 дар ширкати британии Ост-Индия аввал дар Ҳиндустон баъд дар Эрон ҳамчун офитсер хизмат кардааст. Солҳои 1840—1843 намояндаи махсуси ҳукумати Англия дар Кандаҳор (Афғонистон), синас сафир дар Бағдод ва …

Муфассал »

Шаҳри РОТТЕРДАМ

gorod-rotterdam-netherlands

РОТТЕРДАМ (голл. Rotterdam, айнан — банди об дар дарёи Ротт), шаҳрест дар Нидерландия, дар вилояти Голландияи Ҷанубӣ. Дар делтаи дарёи Рейн воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 620 ҳазор нафар (1982, бо атрофаш зиёда аз 1 млн нафар). Аз ҷиҳати шумораи аҳо¬ли баъд аз Амстердам дар мамлакат ҷои дуюмро мегирад. Роттердам яке аз …

Муфассал »

РОТШТЁЙН Фёдор Аронович

РОТШТЁЙН Фёдор Аронович (26. 2. 1871, Каунас — 30. 8. 1953, Моск¬ва), муаррихи совети, ходими ҷамъиятӣ, дипломат, акад. АФ СССР (1939). Аъзои КПСС аз 1901. Солҳои 1890—1920 дар Британияи Кабир муҳоҷир буд, дар ҳаракатҳои коргарии Англия фаъолона иштирок дошт. Солҳои 1895—1911 аъзои Федератсияи сотсиал- демократҳо (аз 1907—Партияи сотсиал – демократӣ), …

Муфассал »