Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри РОТТЕРДАМ

Шаҳри РОТТЕРДАМ

РОТТЕРДАМ (голл. Rotterdam, айнан — банди об дар дарёи Ротт), шаҳрест дар Нидерландия, дар вилояти Голландияи Ҷанубӣ. Дар делтаи дарёи Рейн воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 620 ҳазор нафар (1982, бо атрофаш зиёда аз 1 млн нафар). Аз ҷиҳати шумораи аҳо¬ли баъд аз Амстердам дар мамлакат ҷои дуюмро мегирад.
Роттердам яке аз калонтарин бандарҳои ҷаҳон (муомилоти бор 283 млн т, соли 1976), муҳимтарин маркази тиҷорат ва саноати мамлакат, узе ли роҳи оҳан ва роҳҳои ҳавоист. Ба воситаи каналҳо бо б. Шимолӣ ва шаҳрҳои Ам¬стердаму Гаага алоқаманд аст.

gorod-rotterdam-netherlands
Роттердам яке аз марказҳои муҳимтарини саноати коркарди нефт ва нефту химия дар Европаи Ғарбӣ мебошад (истеҳсоли пластмасса, нуриҳои азотӣ ва ғайра); иқтидори заводҳои коркар¬ди нефт қариб 90 млн т (1974)-ро ташкил медиҳад. Корхонаҳои сано¬ати киштисозӣ, электротехникӣ, коркарди металл, инчунин хӯрокворӣ (чой, какао, қаҳва), бофандагию дӯзандагӣ мавҷуданд. Дар Роттердам правленияи монополияҳои байналхалқии Англияю Голландия — «Ройял датч- Шелл», «Юнилевер» ва банки Рот¬тердам воқеъ гардидаанд. Унститут, Академияи санъат, консерватория. Институти миллии дарёгардӣ ва киштисозӣ, муассисаҳои илмӣ, музейҳои таърихи шаҳр, этнографӣ ва баҳрнавардӣ дорад. Дар шаҳр ёдгориҳои меъмории асрҳои миёна (аз ҷумла калисои Синт-Лауренскерк) боқӣ мондаанд.
Роттердам бори аввал дар дастхатҳои соли 1282 номбар шудааст. Шаҳр дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хеле осеб дид. Дар давраи баъдиҷангӣ он аз нав барқарор гардид. Дар Роттердам асосан биноҳои бисёрошёна бунёд меёбанд

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …