Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУҲАММАД ИБНИ ОТСИЗИ САРАХСӢ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ОТСИЗИ САРАХСӢ (соли таваллуд ва Вафоташ номаълум), меъмори асри 12 форс- тоҷик. Аслан аз Сарахс. Дар солҳои 40 асри 12 яке аз барҷастатарин ёдгориҳои меъмории Марв—Мақбараи Султон Сануарро сохта, дар он номи худро сабт намудааст.

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ МУҲАЛЛАД

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ МУҲАЛЛАД  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 9 форс-тоҷик. Ҳамзамони Муҳаммад ибни Васиф, яке аз Нахустин шоиронест, ки ба забони форсияи дарӣ шеър гуфтааст. Дар «Таърихи Систон» Муҳаммад ибни Муҳаллад ҳамчун шахси донишманду фозил ва шоир ёд шудааст. Осори боқимондааш хеле кам аст. Ӯ асосан қасидаҳои мадҳӣ …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ МАҲМУДИ ИСФАҲОНӢ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ МАҲМУДИ ИСФАҲОНӢ   (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), меъмор, ҳаттот ва наққоши асри 14 форс-тоҷик. Муҳаммад аз овони ҷавонӣ ба санъатҳои ҳаттотӣ, ҷадвалкашӣ ва наққошӣ шавқ пайдо намуда, барои такмили ҳунар ба Шероз рафт. Муҳаммад дар ҳаттотию наққошӣ шӯҳрати тамом дошт ва ороишу китобати ду нусхаи девонҳои Саъдӣ ва …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ЛОДИ ДЕҲЛАВӢ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ЛОДИ ДЕҲЛАВӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), луғатнависи форсизабони Ҳиндустон. Дар асри 16 умр ба сар бурдааст. «Муайид-ул-фузало» аз муҳимтарин таълифоти ӯ ба шумор меравад. Ҳ. Рауфов.

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ЗАФАР ИБНИ УМАР

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ЗАФАР ИБНИ УМАР  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), адиб ва тарҷумони асри 12 форс-тоҷик. Муҳаммад аз Мовароуннаҳр, зоҳиран аз Бухоро будааст. Ӯ тарҷумаи форсии «Таърихи Бухоро»-и Наршаҳиро, ки Абунасри Дубовӣ соли 1130 иҷро карда буд, соли 1176 мухтасар кардааст. Ин китоб аз асар­ҳои ҷолиб ва фасеҳи он давр …

Муфассал »