Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

РОҲ

РОҲ, номи муштараки ҳама гуна роҳҳои заминии рафтуомад барои ҳаракати одамон, нақлиёт ва боркашонӣ. Дар Европа Роҳҳо дар ҳазораи 5 то мелод сохта мешуданд. Одатан Роҳҳои қадим, фарш надоштанд. Роҳҳои ба ҳам пайваст дар Евросиё дар ҳазораи 1 то мелод ба вуҷуд омад. Дар ин замина Роҳҳои байниқитъавии мубодила ва …

Муфассал »

Шаҳраки РОҲАТ

РОҲАТ, посёлкаест дар Совети қишлоқи Шаҳринави pайони Ҳисори РСС Тоҷикистон. Дар территорияи посёлка хонаи истироҳати “Қаротоғ” воқеъ гаштааст. Аз Роҳат то мар¬кази Совети қишлоқ 5 км, то район 33 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 787 нафар (1981), тоҷикон, ӯзбекҳо ва русҳо. Деҳа мактаби миёна, клуб, кинотеатр, касалхона, шӯъбаи алоқа, устохонаҳо ва …

Муфассал »

Деҳаи РОҲАТ

РОҲАТ, деҳаест дар Совети қишлоқи Обикиики pайони Илич, вилояти Қӯрғонтеппа, Территорияи совхози «60-солагии Октябр». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 25 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 160 нафар (1981), тоҷикон. Соҳаҳои хоҷагиаш пахтакорӣ, обчакорӣ ва чорводорист. Заминҳо аз каналҳои Ëвон ва Обикиик обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

РОҚИМ Қорӣ Мирзо Муҳаммадмуқим

РОҚИМ Қорӣ Мирзо Муҳаммадмуқим (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1907), шоири тоҷик. Писари Мулло Абдураҳими Котиби Бухорӣ. Дар ҷавонӣ илмҳои расмии замонашро аз худ карда ва шӯҳрат ёфтааст. Роқим дар шеър табъи баланд дошт. Шеърҳоиш бо самимияту латофат суруда шудаанд.

Муфассал »

РОҚИМ Мирсаид Шариф

РОҚИМ Мирсаид Шариф (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва таърихнависи тоҷик (асри 17). Аз оилаи мансабдор. Дар Самарқанд зиндагӣ, таҳсил ва эҷод кардааст. Чанде аз қасидаву ғазал ва рубоиҳои Роқим дар тазкираву баёзҳои асрҳои 17—19 дарҷ ёфтаанд, ки аз истеъдод ва табъи баланди шоирии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Девони Роқим …

Муфассал »