Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МИНТАҚАҲОИ СУБТРОПИКӢ

mintakai-subtropiki

МИНТАҚАҲОИ СУБТРОПИКӢ, минтақаҳои географии Заминро гӯ­янд, ки дар Нимкураҳои шимолӣ ва ҷанубӣ, байни минтақаҳои тропикӣ ва мӯътадил, ҷойгир шудаанд (ниг. харитаи Минтақаҳо ва зонаҳои гео­графии Замин, ҷ 2, саҳ. 448—449). Ба ин мннтақаҳо пай дар ҳам ивазшавии режими иқлимӣ гоҳ тропикӣ (тобистон) ва гоҳ мӯътадил (зимистон) хос буда, ин ҳодиса …

Муфассал »

МИНТАҚАҲОИ СЕИСМИКӢ

mintakai-seismiki

МИНТАҚАҲОИ СЕИСМИКӢ, мин­тақаҳои серзилзила (зилзилахез). Минтақаҳои сеисмикиро вобаста ба қувваи паҳншавии зилзила дар харитаҳои ноҳиябандии зилзила қайд меку­нанд. Дар Иттифоқи Советӣ ноҳия­ҳои кӯҳии ҷирими Ҷанубӣ, Кавказ, Конеттог, Осиёи Миёна, ҷазираҳои Курилу Камчатка ва як қисми При­мори Минтақаҳои сеисмикӣ ба ҳисоб мераванд. Дар Осиёи Миёна Минтақаҳои сеисмики кӯҳҳои Тиёншон, Помир, атрофи …

Муфассал »

МИНТАҚАҲОИ РАДИАЦИОНИИ ЗАМИН

minakai-zamin

МИНТАҚАҲОИ РАДИАЦИОНИИ ЗАМИН, қисмҳои дохилии магнито­сфераи Заминро гӯянд, ки дар онҳо майдони магнитии Замин зарраҳои заряднок (протонҳо, электронҳо, альфа-зарраҳо)-и энергияи кинетикиашон аз даҳҳо каВ то садҳо М.В.-ро нигоҳ медорад. (Дар ҳавзаҳои гуногуни Минтақаҳои радиоакционии Замин энергияи зарраҳо гуногунанд. Ниг. Замин.) Конфигурация (ҷойгиршавӣ)-и махсуси хатҳои қуввагии майдони геомагнитӣ барои зарраҳои заряднок …

Муфассал »

МИНТАҚАҲОИ МӮЪТАДИЛ

МИНТАҚАҲОИ МӮЪТАДИЛ, ду минтақаи географии Заминро гӯянд, ки дар Нимкураҳои шимолӣ (тақрибан дар байни 40° ва 65° а. ш.) ва ҷану­бӣ (дар байни 42° ва 58° а. Ч.) воқеъ гардидаанд (ниг. харитаи Минтақаҳо ва зонаҳои географии Замин, % 2, саҳ. 448—449). Қариб  ҳиссаи масоҳати Заминро фаро гирифтаанд. Дар Нимкураи шимолӣ …

Муфассал »

МИНТАҚАҲОИ ГЕОГРАФӢ

geografi

МИНТАҚАҲОИ ГЕОГРАФӢ, қисмҳои калонтарини зонавик сатҳи Замин. Минтақаҳои географӣ аз ҳамдигар бо ҳарорату намнокӣ, массаи ҳаво, процессҳои биогеохимиявӣ ва геоморфологӣ, намои растанй, миграцияи ҳайвонот, гардиши моддаҳо фарқ меку­нанд. Вобаста ба иқлим, махсусан гармӣ ва намнокӣ, Минтақаҳои географӣ ба зонаҳои географии гуногун тақсим меша­ванд. Минтақаҳои географӣ аз экватор ба тарафи қутбҳо …

Муфассал »