Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МИНТАҚАҲОИ РАДИАЦИОНИИ ЗАМИН

МИНТАҚАҲОИ РАДИАЦИОНИИ ЗАМИН

minakai-zaminМИНТАҚАҲОИ РАДИАЦИОНИИ ЗАМИН, қисмҳои дохилии магнито­сфераи Заминро гӯянд, ки дар онҳо майдони магнитии Замин зарраҳои заряднок (протонҳо, электронҳо, альфа-зарраҳо)-и энергияи кинетикиашон аз даҳҳо каВ то садҳо М.В.-ро нигоҳ медорад. (Дар ҳавзаҳои гуногуни Минтақаҳои радиоакционии Замин энергияи зарраҳо гуногунанд. Ниг. Замин.) Конфигурация (ҷойгиршавӣ)-и махсуси хатҳои қуввагии майдони геомагнитӣ барои зарраҳои заряднок як навъ доме (доми магнитӣ) буда, зарраҳои заряднокро аз Минтақаҳои радиоакционии Замин дур шудан намемонад. Зарраҳои ба доми магнитии Замин афтода таҳти таъсири қувваи Лоренц ҳаракати мураккаб мекунанд; он ҳаракати лаппишнокест аз рӯи траекторияи спиралӣ қад-қади хатҳои қуввагии майдони магнитӣ аз Нимкураи шимолӣ ба ҷониби Нимкураи ҷанубӣ ва баръакс. Дар айни замон зарраҳои мазкур дар атрофи Замин оҳиста-оҳиста ҷой ин аз мекунанд, ки он дрей­фи тӯлӣ ном дорад (ниг. расм). Вақте ки зарра аз рӯи спиралҳо ба сӯи афзоиши шиддатнокии майдони магнитӣ (то рафт ба Замини аз дик шуда) ҳаракат мекунад, радиуси спирал ва «қадими» он хурд мешаванд. Вектори суръати зарра бузургиашро тағйир надода ба ҳамворие наздик мешавад, ки ба самти майдони магнитӣ амудист. Ниҳоят, зарра дар нуқттае (вайро нуқтаи оинавӣ меноманд) «инъикос» мешавад. Дар натиҷа зарра ба самти муқобил — рӯ ба сӯи нуқтаи оинавии ҳамҷояшудаи нимкураи дигари За­мин ҳаракат мекунад. Як лаппиши протони энергияаш 100 МэВ к -Д~М ди хати қуввагӣ аз Нимкураи шимо­лӣ ба Нимкураи ҷанубӣ дар муддати 0,3 сон ба амал меояд. Доми гео­магнита чунин протонро то 100 сод нигоҳ дошта метавонад ва протон дар ин муддат  10>0 маротиба мелаппад. Зарраҳои энергияашон ба­ланд дар «дом»-и магнитӣ ба ҳисоби миёна то садҳо миллион маротиба аз як нимкура ба нимкураи дигар мелаппанд. Сайри (дрейфи) тӯлӣ бошад, бо суръати нисбатан хело паст ба амал меояд. Зарраҳо вобас­та ба энергияи худ атрофи Заминро пурра дар фосилаҳои гуногуни вақт (аз якчанд дақиқа то шаборӯзҳо) давр зада мебароянд. Ионҳои зарядашон мусбат ба самти ғарб, электронҳо ба самти шарқ сайр мекунанд.

Одатан, Минтақаҳои радиоакционии Замини дарунӣ ва берунӣ, минтақаи протонҳои энергияашон хурд (минтақаи ҷараёни ҳалқамонанд) ва зонаи квазн забти зарраҳо ё зонаи радиацияи авроралӣ (фаҷри қутбӣ)-ро фарқ мекунанд. Аввал минтақаи дарунӣ (аз тарафи гурӯҳи олимони америкоӣ бо роҳбарии Н. Ван Аллен, 1958) ва минтақаи беру­нӣ (аз тарафи олимони советӣ бо роҳбарии С. Н. Вернов ва А. Е. Чу­даков, 1958) кашф гардидаанд. Сели зарраҳои Минтақаҳои радиоакционии Заминро бо ёрии асбобҳои радифҳои маснуи Замин (Ҳисобкунаки Гейгеру Мюллер) ба қайд гирифтаид. Аслан Минтақаҳои радиоакционии Замин сарҳадҳои муайян надоранд, чунки ҳар як навъи зарра мувофиқи энергияаш минтақаи радиационии «худӣ»-ро ҳосил мекунад. Бинобар ин, мафҳуми «минтақаи ягонаи радиационии Замин»-ро истифода бурдан дурусттар аст. Ба минтақаҳои дарунӣ ва берунӣ тақсим намудани Минтақаҳои радиоакционии Замин низ шартист; чунин тақсимот алҳол фақат ба сабаби дар хоияти онҳо вуҷуд доштани як ка­гор тафовутҳо боқӣ мондааст. Эҳтимоли дар майдони магнитии За­мон мавҷуд будани «дом»-и магнитиро олимон К. Стёрмер (1913) ва X. Альфвен (1950) назариявӣ пешгирӣ карда буданд. Дар воқеъ, экс­периментон, ки дар радифҳои маснуъ гузаронда шуданд, исбот карданд, ки доми магнитӣ вуҷуд дорад ва бо зарраҳои баландэнергия нур аст. Минтақаҳои радиационӣ дар ҷараёни тағйирот мебошанд: минтақаи наздизаминӣ (дарунӣ) нисбатан устувор буда, кам тағйир меёбад, минтақаи берунӣ бошад, бештар тағйир меёбад. Тағйироти минтақаи радиационии дохилӣ ба цикли 11-солаи хуруҷи Офтоб мувофиқ меояд. Мин­тақаҳои берунӣ ҳудуд ва сохти худро ҳангоми ошӯбҳои на он қадар калони магнитосфера тағйир медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар минтақаҳои протонҳое, ки энергияашон хурданд, ҷои мобайниро ишғол мекунанд. Хусусан дар вақти ғалабиҳои магнитӣ Минтақаҳои радиоакционии Замин сахт тағйир меёбанд. Пошхӯрии зарраҳо аз «дом»-и магнитӣ боиси ионизацияи шадиди ионосфера, пошхӯрии интенсивӣ бошад, сабаби пайдошпи фаҷри қутбӣ мегардад. Аммо захираи зарраҳо дар Минтақаҳои радиоакционии Замин барои дер давом кардани фаҷри қутбӣ кофӣ нест ва ба тағйирёбии сели зарраҳо дар Минтақаҳои радиоакционии Замин алоқаманд будани фаҷри қутбӣ далели табиатан умумият доштани онҳо мебошад, яъне дар вақти ғалаёнҳои магнитӣ ҳам ҷамъшавии зарраҳо дар Минтақаҳои радиоакционии Замин ва ҳам ба атмосфера пошхӯрии зарраҳо ба амал меояд. Давомати фаҷри қутбӣ ба давомати процессҳои дар боло зикршуда во­баста аст. Фаҷри қутбӣ аз як то якчанд шаборӯз давом карда метавонад. Ба тарзи сунъӣ ҳосил намудани Минтақаҳои радиоакционии Замин— имконпазир аст _(чунончи, дар вақти таркиши ядроӣ дар баландиҳои калон). Мавҷудияти Минтақаҳои радиоакционии Замин ҳангоми парвозҳои дарозмуддати кайҳонӣ хавфи калон ба амал меоранд. Сели протонҳои дорои энергияи хурд батареяҳои офтобиро аз кор бароварда, рӯйкашҳои нафиси оптикиро тира карда метавонанд. Организмҳои зиндае, ки дар дохили афинаҳои кайҳонӣ дурудароз дар минтақаҳои радиационӣ парвоз мекунанд, аз таъсири протонҳои энергияи хурд касалиҳои шуоӣ гирифтор шуда метавонанд. Ғайр аз Замин минтақаҳои радиачионӣ дар Муштарӣ ҳастанд ва шояд дар Зуҳал ва Аторуд низ бошанд. Минтақаҳои радиационии Муштарӣ, ки онҳоро аппарати кайҳонии америкоӣ «Пионер-10» тадқиқ намуд, аз ҷиҳати андоза, иқтидори энергетикии зарраҳо ва зичии ҷараёнҳои зарраҳо аз Минтақаҳои радиоакционии Замин дида хеле бузургтаранд. Минтақаҳои радиационии Зуҳал бо методҳои радиоастрономӣ ошкор гардидаанд. Бино ба маълумотҳои аппаратҳои кайҳонии сове­тӣ ва америкоӣ дар Зуҳра, Миррих ва Моҳ минтақаҳои радиационӣ нестанд. Ҳангоми аз наздикии сайёраи Аторуд гузаштани стансияи кайҳонии «Маринер-10» майдони магнитӣ доштани сайёра маълум гардид. Аторуд низ минтақаҳои радиационӣ дошта метавонад.

Ад.: Хесс В., Радиационный пояс и магнитосфера, пер. с англ., М., 1972; Шабанский В. П., Явления в око­лоземном пространстве. М., 1972.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …