Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МИОЛОГИЯ

miopatit

МИОЛОГИЯ (аз мио… ва …логия), мушакомӯзӣ, таълимот дар бораи мушакҳо, як фасли анатомия.  

Муфассал »

МИОКАРДИТ

miokardit

МИОКАРДИТ (аз мио… ваюн. кагdia — дил), илтиҳоби мушаки дил (миокард). Ба Миокардит одатан бемориҳои сироятии шадид (дифтерия, тарбод, махмалак, ангина ва ғ.) ва музмин (сил) сабаб мешаванд. Ҳангоми Миокардит сохти мушакҳои дил тағйир меёбад. Дар вақти вазнин будани беморӣ бошад, як қисми торҳои мушак аз кор баромада, кардиосклероз пайдо …

Муфассал »

МИОКАРДИОДИСТРОФИЯ

miokardiodistrofia

МИОКАРДИОДИСТРОФИЯ (аз мио…, кардио… ва дистрофия), кардиомиопатия, иллатёбии ғайриилтиҳобии мушаки дил (миокард), ки асоси онро вайроншавии мубо­дилаи моддаҳо ташкил медиҳад. Миокардиодистрофия дар натиҷаи вайрон шудани режимн хурду хӯрок (дистрофияи алиментарӣ, камвитаминӣ ва ғ.), мубодилаи сафеда (норасоии ҷигару гурда, шрис ва ғ.), карбогидрат (диабети қанд), парасидани оксиген (вайрон­шавии хунгардида иклилӣ), камхунӣ …

Муфассал »

МИОЗИТ

miozit

МИОЗИТ (аз юн. mys, myos — му­шак), илтиҳоби мушакҳои скелет. Миозит шадид, музмин, фасоднок (флегмонозӣ, фасодноку некрозӣ) ва ғайрифасоднок (зардобӣ, силы ва ғ.) ме­шавад. Сабабҳои асосии он сироят (гриип, тарбод, сил), ҷароҳат, паразитоз (трихинеллёз, цистицеркоз, эхинококков), ихтилоли мубодилаи модда ва ғ. мебошанд. Ҳангоми Миозит мушакҳо варам карда, дард меку­нанд ва …

Муфассал »

МИО…

МИО… (юн. mys, myos — мушак), Қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки ба мушак (ба маънии биологиаш) нисбат дорад, мас., миозит, миология.

Муфассал »