Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МИР ТАКӢ

nophoto

МИР ТАКӢ (тахаллус Мир; номаш Мирмуҳаммади Такӣ; 1724, Агра —1810, Лакхнав), шоири ҳинду. Ба забони урду ва форсӣ шеър гуфтааст. То соли 1783 дар Деҳлӣ зиндагӣ карда, баъд ба дарбори ҳокими Лакхнав кашида шудааст. Мир Такӣ, ки шахси боғуруре буд ва майли гӯшанишинӣ дошт, дере нагузашта дарборро тарк намуд. Машаққатҳои …

Муфассал »

МИР МУСАВВИР

nophoto

МИР МУСАВВИР (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири ни­маи аввали асри 16 форс-тоҷик, намояндаи барҷастаи Мактаби минётури Табрез. Муаррихи асри 16 Дӯстмуҳаммад дар асараш «Ҳолоти ҳунарварон» (1544) дар бораи Мир Мусаввар маълумот додааст. Мувофиқи он Мир Мусаввар дар ороиши «Хамса»-и Низомӣ (1539— 43) ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ иштирок кардааст. Як минётури …

Муфассал »

МИР АБУЛҚОСИМ ФАНДРЕСКИ

nophoto

МИР АБУЛҚОСИМ ФАНДРЕСКИ (соли таваллуд номаълум — вафот 1672), мулаққаб ба Мир фандрескй, яке аз файласуфони маъруфи асри 17 Эрон. Дар фалсафа пайрави ақидаҳои Ибни Сино буда, муддатҳо асарҳои ӯро дар ҳавзаи илмии Исфаҳон дарс додааст. Асарҳои зиёде таълиф намудааст, ки муҳимтарини онҳо «Рисолаи ҳаракат» ва «Рисолаи саноия» мебошанд. «Рисо­лаи …

Муфассал »

МИОЦЕН

miocen

МИОЦЕН (аз юн. meion—камтар ва kainos — пав), замони (қисми) миоцен, нимаи аввал ва нисба­тан дарозмуддати давраи неоген. Аз рӯи шкалан стратиграфӣ қабатҳои қисми Миоцен аз поён бо қабатҳои олигоцени системаи палеоген ва аз боло бо қабатҳои плиоцени системаи неоген ҳамҳудуданд. Миоценро соли 1833 геологи англис Ч. Лаиел муқаррар кардааст.

Муфассал »

МИОПАТИЯ

miopatiya

МИОПАТИЯ (аз мио… ва юн. pat­hos— дард, беморӣ), авҷгирии дистрофии мушак; ба бемориҳои ирсӣ мансуб аст. Вайроншавии мубодила дар ҳуҷайраҳои мушак, тағйирёбии синтезӣ кислотаҳои нуклеат асоси бавуҷудоии Миопатияанд. Ин шонаҳои асосии Миопатия: суст ва карахт шудани му­шак, пастшавии рефлексҳои рагу пай, деформацияи устухонҳову бандҳо. Беморро бо препаратҳои антиҳолии эстераза, гормонҳои …

Муфассал »