Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОШИНИ БУҒӢ

moshini-bugi

МОШИНИ БУҒӢ, муҳаррики ҳароратии поршениест, ки энергияи потенциалии буғи обро ба кори меха­никӣ табдил медиҳад. Буғи ба цилиндри Мошини буғӣ дохилшуда васеъ ме­шавад ва поршенро тела медиҳад. Ҳаракати пешраванда-баргардандаи поршень тавассути механизми кривошипӣ ба ҳаракати чархзанандаи навард табил меёбад (расм). Барои камтар талаф шудани гармӣ цилиндрҳои Мошини буғӣ бо буғкурта …

Муфассал »

МОШИН

moshin

МОШИН (аз лот. machina — иншоот), чиҳозест, ки барои тавассути ҳаракати механикӣ аз як шакл ба шакли дигар табдил додани энергия, масолеҳ ё ахборот (информа­ция) хизмат мекунад. Вобаста ба вазифаи асосӣ (чиро бештар табдил медиҳад) Мошнҳо 3 хел мешаванд: энергетикӣ, корӣ ва информационӣ. Мошинҳои энергетикие, ки шакли дилхоҳи энергияро ба …

Муфассал »

МОШБИРИНҶ

moshbirin

МОШБИРИНҶ, як навъ таоми миллӣ. Аввал гӯшт, баъд пиёзи резаро дар равған то сурх шудан бирьён мекунанд. Сипас об андохта чанд дақиқа меҷӯшонанд. Мошро тоза карда, нағз мешӯянду ба дег андох­та, 30—40 дақиқа меҷӯшонанд. Баъд биринҷро низ шӯста ба он илова менамоянд ва дар оташи паст меҷӯшонанд, 10—15 дақиқа пеш …

Муфассал »

МОШ

mosh

МОШ (Phaseolus aureus), гиёҳи яксолаест аз оилаи лубиёиҳо. Баландиаш 15—50 см; пояи рост ё печанда, барги калон (дарозиаш 20—26 см), гули бунафш, ғилофаки сертухм, дони мудаввари сабз дорад. Моҳҳои июнь — сентябр гулу мева мекунад. Мош дар тропика ва суптропика зироати маъмул аст. Дар Осиёи Миёна, аз он ҷумла дар …

Муфассал »

МО-ЦЗЫ

mo-czy

МО-ЦЗЫ, Модӣ (479—400 то м.), файласуф ва ходими сиёсии Хитои Қадим, асосгузори мактаби фалсафии моиҳо. Ӯ ба муқобили конфуцийчигӣ, ки ҳукмронии ашрофияи меросиро таназзулнопазир медонист, муборизаи ғоявӣ мебурд. Нуқтаи асосии таълимоти Мо-цзы ва шогирдони ӯ даъватест ба барқарор кардани муносибати одамӣ дар буньёди принципи кайҳонии «муҳаббати кулл ва манфиати тарафайн». …

Муфассал »