Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОШИНҲОИ РОХСОЗӢ

moshini-rohsozi

МОШИНҲОИ РОХСОЗӢ, мошин ва механизмҳоеанд барои иҷрои комплекси корҳои сохтмон, нигоҳубин ва таъмири роҳҳои автомобил; дар сохтмони гидротехникӣ, саноатӣ, гражданӣ, аэродромҳо, роҳи оҳан ва ғ. низ истифода мешаванд. Барои корҳои тайёрӣ аз мошинҳои кӯчондану решаков кардани дарахтҳо, буридани буттаҳо, мошинҳои сангчин, ковоккунанда ва ғ.; барои корҳои заминковӣ аз скреперҳо, булдозерҳо …

Муфассал »

МОШИНҲОИ ОТАШНИШОН

moshinhoi-otashnishon

МОШИНҲОИ ОТАШНИШОН, мошинҳоеанд барои фурӯ нишондани сӯхтор (расми 1, расми 2). Мошинҳои оташнишон вобаста ба таъинот асосӣ ва махсус мешаванд. Ба Мошинҳои оташнишон асосӣ автомобилҳои оташнишон (автоцистернаю автонасосҳо), мотопомпаҳо, поезду дрезинаҳои оташнишон, киштиҳои оташнишон (теплоходу катерҳо), ба Мошинҳои оташнишони махсус нардбонҳои сӯхторнишон, автомобилҳои кафкпош, автомобилҳои дорои рӯдаҳои обгузар ва ғ. …

Муфассал »

МОШИНҲОИ КОРКАРДИ ПОЧТА

pochta

МОШИНҲОИ КОРКАРДИ ПОЧТА, мошинҳоеанд, ки мактубу открыткаҳо, бандерону посылкаҳо, нашрияҳои гуногун ва ғ-ро аз рӯи адресҳо ба навъиёт ҷудо карда, омодаи тақсимот мегардонанд. Ба Мошинҳои коркарди почта мошини маркачаспон, тамгагузор, сарачин, бандпечон, халтадӯз ва ғ. мансубанд. Навъи муштараки Мошинҳои коркарди почта якчанд амалро иҷро мекунад. Ниг. низ Техникаи почта.

Муфассал »

МОШИНҲОИ КОММУНАЛӢ

moshinhoi-komunali

МОШИНҲОИ КОММУНАЛӢ, мошинҳои хоҷагии коммуналӣ, ки барои беҳдошти санитарии маҳалҳои аҳолинишину даруни биноҳои ҷамъиятӣ, шустушӯ ва тасфияи химияяи сарулибос хизмат мекунанд. Мошинҳои андозаҳою иқтидорашон хурдтар, ки барои рӯбучини истиқоматгоҳҳо ҷомашӯӣ ва тафсияи химиявӣ таъин шудаанд (мошини ҷомашӯӣ) чангкашон, фаршмол ва ғ.), ба мошинҳои рӯзгор мансубанд.

Муфассал »

МОШИНСОЗӢ

moshin

МОШИНСОЗӢ, маҷмӯи соҳаҳои саноати вазнин, ки барои хоҷагии халқ мошин, таҷҳизот, аппарат, асбоб, ашьёҳои маданию маишӣ ва инчунин ба мақсадҳои мудофиавӣ яроқу аслиҳа истеҳсол менамояд. Мошинсозӣ асоси моддии аз техника мусаллаҳшавии тамоми хоҷагии халқ ба шумор меравад. Ҳосилнокии меҳнати ҷамъиятӣ, прогресси техникӣ, некӯаҳволии моддии халқ ва иқтидори мудофиавии мамлакат ба …

Муфассал »