Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОҲИ СИДЕРӢ

mohi-sideri

МОҲИ СИДЕРӢ (аз лот. sidus — ситора, ҷирми осмонӣ), моҳи ситорагӣ, фосилаи вақтест, ки дар давоми он Моҳ атрофи Заминро аз рӯи мадори геоцеитрӣ нисбат ба ягон ситораи кӯраи осмон як маротиба давр зада мебарояд. Ҳаракати Моҳро дар кӯраи осмон мушоҳида намуда, дар давоми як шаборӯз нисбат ба ситораҳо ба …

Муфассал »

«МОҲИ НАХШАБ»

nakhshab

«МОҲИ НАХШАБ» Моҳи Муқаннаъ, Моҳи Кеш, Моҳи Сиём (Сиём кӯҳест, ки ин моҳ аз паси он мебаромадааст), Моҳи музаввар (қалбакӣ), яке аз образҳои адабиёти классикии форс-тоҷик. Мурод аз «Моҳи Нахшаб» моҳи маснӯест, ки онро дар аҳди Маҳдӣ (775—785) Муқаннаъ (косибе аз Марв) барои тасдқиқи даъвои пайғамбариаш дар байни Нахшаб (Қаршии …

Муфассал »

МОҲАНҶОДАРО

МОҲАНҶОДАРО (ба синдҳи — теппаи мурдаҳо), димнаи яке аз марказҳои тамаддуни Хараппа. Соли 1922 археологи ҳинд Р. Банерчи кашф намуд. Солҳои минбаъда Ҷ. Маршалл, Э. Мамкей, Р. Уиллер тадқиқ намудаанд. Дар асоси омӯзиши Моҳанҷодаро давраҳои асосии тамаддуни Хараппа ва хусусиятҳои он муайян карда шуд.

Муфассал »

МОҲАНДАРЬЁ

bukhoro

МОҲАНДАРЬЁ, манҷрон хушкидаи дарьёест дар вилояти Бухоро, ки дар атрофи он ёдгориҳои археологӣ ёфт шудаанд. Дарозиаш 58 км, бараш 25—250 м. Дар давраҳои қадим оби он аз деҳаи Яккатут ибтидо гирифта: ба д. Аму ҷорӣ мешудааст. Солҳои 1950—64 дар Моҳандарё экспедицияи археологӣ таҳти роҳбарии академик АФ РСС Ӯзбекситон Я. Ғ. …

Муфассал »

МОҲАН СИНГХ

nophoto

МОҲАН СИНГХ (таваллуд 20. 10. 1905, Мардон, Ҳиндустон), шоири ҳинду. Ба забони панҷобӣ менависад. Аз оилаи табиб. Ба майдони адабиёт солҳои 20 омадааст. Мавзӯи асосии давраи аввали эҷодиёти Л. С. васфи муборизаи халқи Ҳинд ба муқобили мустамликадорон ва танқиди истисморкунандагон мебошад. Дар шеърҳое, ки шоир пас аз истиқлолияти Ҳиндустон (1947) …

Муфассал »