Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдулқодири Корӣ

Абдулқодири Корӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттот ва хушнависи тоҷик (нимаи дуюми асри 19 – ибтидои асри 20). Дар маҳаллаи Хишткӯпруки Хуҷанд ба дунё омадааст. Аз оилаи коргар. Дар мадрасаи Муҳаммадалихони Қӯқанд таҳсил намуда, илмҳои замонаашро ба хубӣ аз худ намудааст. Аз улфатон ва дӯстони наздики шоир Муқимӣ буд. …

Муфассал »

Абдулқодири Гӯянда

Абдулқодири Гӯянда Хоҷа Камолуд дин (Низомуддин) ибни Райбӣ ибни Айнӣ (1376, деҳаи Нойини вилояти Исфаҳон – 1435, Ҳирот), сароянда, навозанда, мусиқидон ва оҳангсози машҳури форсу тоҷик ва шарқ. Бино ба ахбори Давлатшоҳи Самарқандӣ («Тазкират-уш-шуаро»), Дарвешалии Ҷангӣ («Тӯҳфат-ус-сурур») ва Исфизорӣ («Равзат-ул- ҷиннот. ..») Абдулқодири Гӯянда бо шайх Саъдии Шерозӣ қаробати авлодӣ …

Муфассал »

Абдулқодири Гелонӣ

Абдулқодири Гелонӣ ибни Абусолеҳ Мусо ибни Абдуллоҳ иб­ни Яҳё, маъруф ба Ғавсулаъзам (1076, Гелон-1168, Бағдод), мутафаккир, мутасаввиф, асосгузори ҷараёни қодирия. Абдулқодири Гелонӣ дар синни 18-солагӣ ба Бағдод омада аз Абузакариёи Табрезӣ илмҳои маъмули замонашро омӯхт, фиқҳу тасаввуфро бағоят хуб медонист. Таълимоти тасаввуфии ӯ ба мазҳабҳои шофеия ва ҳанбалия наздикӣ дошт. …

Муфассал »

Абдулқодири Бадоюнӣ

Абдулқодири Бадоюнӣ иб­ни Мулукшоҳ ибни Ҳомид мутаҳаллис ба «Қодирӣ» (1540, Тӯдаи Ҳиндустон – 1595), шоир, мутарҷим ва муаррихи форсизабони Ҳиндустон. Айёми ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар Сунбҳал гузаштааст. Дар шаҳрҳои Агра ва Басовар зиндагӣ карда, дар хидмати дарбори ҳукмронони ин шаҳрҳо буд. Ҳангоми хидмат дар даргоҳи Акбар (ҳукмрониаш 1556 – 1605) …

Муфассал »

Абдулқодир ибни Сайид

Абдулқодир ибни Сайид Абдулваҳҳоб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти машҳури форс-тоҷик (асри 15). Аслан аз Хуросон буда, чанд муддат дар дарбори Амир Темур котибӣ кардааст. Бино ба маълумоти «Қомус- ул-аълом»-и Шарафуддини Сомӣ Абдулқаюм ду китобро китобат карда будааст, ки мутаассифона, то замони мо омада нарасидаанд.

Муфассал »