Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Аблуллатифи Ҷомӣ

Аблуллатифи Ҷомӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Дар зодгоҳаш шаҳри  таҳсил намуда, ба камол расидааст. Аз авлоди Аҳмади Ҷомӣ буд. Бино ба маълумо­ти сарчашмаҳо Аблуллатифи Ҷомӣ аз улуми мутадовили замон – адабиёт, фиқҳ, иншо, забони арабӣ ва ғайра баҳраманд гардида, дар муҳити худ шӯҳрати зиёде доштааст. …

Муфассал »

Абдуллатифи Ҳисорӣ

Абдуллатифи Ҳисорӣ (соли таваллдуд ва вафоташ номаълум), хушнавис ва хаттоти тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Ҳисор. Бештар ба сайёҳӣ шуғл варзидааст. Дар шаҳрҳои гуногун аз устодони хушнавис таълим гирифтааст. Абдуллатифи Ҳисорӣ дар ибтидо услуби хати ороишии Намадии Ҳиндиро пазируфта, онро ба хубӣ омӯхтааст. Баъдтар услу­би хати Зиёи Хуҷандиро қабул кард. Китобати …

Муфассал »

Абдуллатифи Балхӣ

Абдуллатифи Балхӣ (соли таваллуд ва вафоташ  номаълум), шоири тоҷик (асри 10). Бино ба маълумоти тазкиранависон, дар ашъори ӯ эҷодиёти даҳанакии халқ ва забони гуфтугӯй таъсири зиёд дорад. Аз мероси адабии Абдуллатифи Балхӣ достони «Иброҳими Адҳам» боқӣ мондааст, ки дар он қиссаю ривоят ва каромату хориқулодоти яке аз намояндагони бузурги тасаввуфи …

Муфассал »

Шоҳзода Абдуллатиф

Абдуллатиф (1423, Ҳирот- 8. 5. 1450, Самарқанд), шоҳзодаи сулолаи темуриён, писари Улуғбек. Дар тарбияти Абдуллатиф бобояш Шоҳрух ва модаркалонаш Гавҳаршодбегим нақши муассире доштаанд. Абдуллатиф дар юришҳои султон бевосита ширкат дошта, пас аз марги Гавҳаршодбегим дар раъси сипоҳи темуриёни Ҳирот қарор дошт. Соли 1447 миёни Абдуллатиф ва шоҳзода Алоуддавла барои касби …

Муфассал »

Абдуллатиф Мавлоно

Абдуллатиф Мавлоно Абдуллатифи Мастчоҳии Уротеппагӣ (соли таваллуд ва вафоӣаш номаълум), шоири тоҷик . 16). Зодгоҳаш Кӯҳистони Мастчоҳ. Барои такмили дониш ба Уротеппа рафта, дар мадрасаи Кӯкгунбаз таҳсил кард. Пас аз хатми таҳсил ба мударрисӣ машғул шуд. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо дар солҳои охири умраш ба Тошканд рафт ва дар он ҷо …

Муфассал »