Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдуллоев Нурулло

Абдуллоев Нурулло (Нуруллои Абдулло) (таваллудаш 6.11.1948, деҳаи Лучоби ноҳияи Варзоб), актёр ва драматург, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2005). Хатмкардаи шӯъбаи актёрии Донишкадаи ДДСТ ба номи М. Турсунзода (1975). Фаъолияти меҳнатиаш ҳанӯз ҳангоми донишҷӯӣ ба сифати коргари саҳна дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ шурӯъ шуда, аз соли …

Муфассал »

Абдуллоев Музаффар

Абдуллоев Музаффар Мансуро­вич (таваллудаш  6. 6. 1967, Конибодом), арбоби низомӣ, генерал-майор (2004). Хатмкардаи Донишкадаи олии Хар­бин автомобилии ш. Уссурийск (1988) ва Академияи ҳарбии автомобилии Россия (2000). Солҳои 1988 -1992 сардо­ри шӯъбаи автомобили дар қисмҳои низомии Иттифоқи Советӣ (Ленин­град), 1992 – 1993 командири рота дар Артиши Тоҷикистон, 1993 – 1995 сар­дори …

Муфассал »

Абдуллоев Мирзосаид

Абдуллоев Мирзосаид (номи аслиаш Сергей, номи падараш Кон­стантин, 1882, Оренбург – 1928, Ду­шанбе), яке аз муборизони фаъоли пойдор ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Аз оилаи коргари рус. Баъди вафоти падараш ба Тошкент омада, ба дастаи сайёри дорбозону масхарабозон ҳамроҳ шуд. Бо ҳамин гурӯҳ ба Ҳисор омад. Аз ҳамон …

Муфассал »

Абдуллоев Камол

Абдуллоев Камол Наҷмиддинович (таваллудаш  21. 2. 1950, деҳаи Навобод, ноҳияи Ғарм), муаррих, доктори илмҳои таърих (1993). Хатмкардаи факултети таърихи УДТ (1972), аспиранти Ин­ститути таърихи СССР-и АИ СССР (Мо­сква, 1981). Корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ РСС Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш (1975 – 1989), муҳаққиқи Институти тадқиқоти сиёсӣ (собиқ …

Муфассал »

Абдуллоев Ибодулло

Абдуллоев Ибодулло Эрмуродович(9.12.1918, деҳаи Қарақчиқуми ноҳияи Конибодом – 2007, Душанбе), дирижёри тоҷик, Артиста халқии РСС Тоҷикистон (1974), Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1968). Хатмкардаи интерната мусиқӣ (1930) ва Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд (1933), Омӯзишгоҳи мусиқии наз­ди Консерваторияи давлатии Мос­ква (1939). Ҳамзамон солҳои 1937 – 1939 скрипканавози оркестри симфонии Театри Револютсия …

Муфассал »