Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдулҳақи Деҳлавӣ

Абдулҳақи Деҳлавӣ ибни Сайфуддини Деҳлавии Бухороии Туркӣ (тақрибан 1551, Деҳлӣ, – 1642, ҳамон ҷо), суфии маъруф, шоир, муаррихи таърихи ислом ва географ. Гузаштагони ӯ аз Бухоро ба Деҳлӣ рафтаанд. Абдуҳақи Деҳлавӣ суфимаслак буда, пайрави тариқати қодирия будааст. Вай соли 1587 ба ҳаҷ рафта пас аз бозгашт соли 1642 дар Деҳлӣ …

Муфассал »

Абдулҳайи Муҷахарфӣ

abdulhayi-mujaxarfi

Абдулҳайи Муҷахарфӣ, Шайх Абдулҳайи Домулло Муҳаммадсобири Абдулазим (1867, деҳаи Муҷаҳарфи Раштқатл 1931, маҳаллаи Сариосиёи Душанбе), адиб, донишманд ва орифи тоҷик. Падари Абдулҳайи Муҷахарфӣ таҳсилкардаи яке аз мадрасаҳои Бухоро ва муфтии Муҷаҳарф буд. Абдулҳайи Муҷахарфӣ таҳсили ибтидоиро назди падар шурӯъ карда, минбаъд аз шайх Шаҳобуддини Ёзгандӣ (пири тариқат дар Тавилдара) сабакҳои …

Муфассал »

Абдулҳай Собирзода

Абдулҳай Собирзода (1869, де­ҳаи Чормағзаки Қаротегин – 1951, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Дар наз­ди падараш савод бароварда, сипас таҳсилро дар яке аз мадрасаҳои Қӯқанд давом додааст. Баъд аз хат- ми Мадраса ба зодгохаш баргашт ва ба дехконй машгул шуд. Ба шеъру шоирӣ дар айёми таҳсил майлу рағбат пайдо кард. Аз …

Муфассал »

Абдулҳай

Абдулҳай (1360, Бағдод – 1420, Самарқанд), мусаввир ва хаттоти форс-тоҷик. Устод Шамсуддини Самарқандӣ ӯро ба тарбият гириф­та, тамоми нозукиҳои ин ҳунарро ёд додааст. Дере нагузашта Абдулҳай чун мусаввири дарбори Султон Увайси Ҷалоирӣ ном мебарорад ва шӯҳраташ аз ҳудуди давлати Ҷилоирия, ки пойтахти он Бағдод буд, берун мебарояд. Соли 1393 Темур …

Муфассал »

Абдулҳаев Рақиб

Абдулҳаев Рақиб (таваллудаш 10. 2. 1938. деҳаи Урметан, ноҳияи Айнӣ), таърихнигор, доктори илми таърих (1993), профессор (1999), Арбоби илм ва техникаи Точикистон (1999). Хатм- кардаи УДТ (1961). Аспирант, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дони­ши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон  (1962 – 1975), дотсенти …

Муфассал »