Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Абдураҳмони Ҷомӣ, ноҳия дар вилояти Хатлон. 29 августи 1930 ташкил ёфтааст. Масоҳаташ 682 км2. Аҳолиаш 135,4 ҳазор нафар (2009), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, рӯсҳо, тоторҳо ва ғайра Зичии аҳолӣ дар 1 км2101 на­фар. Аз маркази ноҳия то маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа 36 км, то шаҳри Душанбе 86 км, то …

Муфассал »

Абдураҳимова Қумрихон

Абдураҳимова Қумрихон (таваллудаш  1927, шаҳри Чимкенти Қазоқистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Колхозчӣ, сардори звено (1943 – 1954) ва коргари колхози «Ленинград»-и ноҳияи Ленин (1955-1983). Аз соли 1983 нафақагири шахсӣ. Звенои Абдураҳмонова ба гирифтани ҳосили баланди пахта (1997) муваффақ шуда­аст. Бо орденҳои Ленин, «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми …

Муфассал »

Абдураҳимов Хайриддин

Абдураҳимов Хайриддин Са­идович (таваллудаш 1956, ноҳияи Вахш), арбоби низомӣ, генерал-полковник (2008). Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии Душан­бе (1981). Аз соли 1982 дар мақомоти амнияти СССР ва Тоҷикистон. Дар вазифаҳои ваколатдор, ваколатдори калон, сардори шӯъба, муовини сардори раёсат, сардори раёсати амни­яти Вазорати амнияти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кор кардааст. …

Муфассал »

Абдураҳимов Салом

Абдураҳимов Салом (7.6.1937, Ӯротеппа – 7. 8. 2006, Душанбе), забоншинос, номзади илмҳои филоло­гия (1968), дотсент (1990). Хатмкардаи УДТ (1958). Корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1958 – 1590), дотсенти кафедраи хат ва матни форсии тоҷикии ДМТ (1990 – 2004). Муаллифи зиёда аз 60 асару мақолаҳои …

Муфассал »

Абдураҳимов Қудратулло

Абдураҳимов Қудратулло Са­идович (таваллудаш 10. 8. 1958, ноҳияи Бохтар), педагог, доктори илмҳои педагоги (2007). Хатмкардаи филиали Институти давлатии педагогии Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа (1985). Солҳои 1985 – 2000 муаллим, муаллими калон, мудири кафедраи педагогика ва пси­хология, декани факултети педагогика, ноиби ректор оид ба таълиму тарби­яи Донишгоҳи давлатии Қӯргонтеппа ба номи …

Муфассал »