Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Деҳаи САДБАРГГОҲ

САДБАРГГОҲ, деҳаест дар С. Қ. Кӯлчашмаи pайони Ленинград, вилояти Кӯлоб. Территорияи совхози «Мӯъминобод-l». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 10 км, то район 9 км. Аҳолиаш 370 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш чорводорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, кирмакдорист. Заминҳо аз деҳаи Сурхак обёри мешаванд.

Муфассал »

САДАФАКҲО

rakovina-ulitki-1-b

САДАФАКҲО (Unio), як ҷинси нармбаданҳои дутабақаи оби ширинро гӯянд, ки ба оилаи садафиҳо мансу банд, Гӯшмоҳияшон аз ду табақаи дарозрӯя ё байзошакл (дарозиаш то 13,7 см), ки дар пеш дандонаҳои кӯтоҳ (2-тогӣ), дар ақиб дандоиаҳои дароз (1-то дар тарафи рост ва 2-ю дар тарафи чап) доранд, иборат аст. Дар қаъри …

Муфассал »

САДАҚА

sadaka

САДАҚА 1) чизе, ки ба фақирону бенавоён чун хайрот дода мешавад. Садақа баробари намоз, рӯза ва закот — ҷӯзъи рукнҳои ислом, амали ихтиёрии мусулмонон ба шумор меравад. Онҳо барои хариди гуноҳҳои худ ва озодии рӯҳиашон ба дарвешону ятимон Садақа мекунанд. Баъзе феодалҳо, тоҷирон ва амалдорон низ пул, замин ва молу …

Муфассал »

РӮЗБЕҲОН Абӯмуҳаммад ибни Абунасри Шерозӣ

РӮЗБЕҲОН Абӯмуҳаммад ибни Абунасри Шерозӣ (1129, Шероз—1213, ҳамон ҷо), мутафаккири мутасаввиф ва шоири форс-тоҷик, аз хонадони ҳайламиён. Ӯро Фасои ё Бақлӣ низ гӯянд. Рӯзбеҳон улуми адабро дар назди олимони намоён Фахруддини Марям ва Алӣ ибни Муҳаммади Табрезӣ омӯхтааст. Дар тариқати сӯфия муриди Сироҷуддин Халифа буд. Ба Рӯзбеҳон зиёда аз 60 …

Муфассал »

РӮЗА

ramadan

РӮЗА, яке аз рукнҳои асосии дини ислом аст, ки мувофиқи он дар сол дар моҳи нуҳуми солшумории ҳиҷрии қамарӣ (рамазон) бояд дар мусулмони болиғ аз субҳ то шом аз хӯрдан, нӯшидан ва истеъмоли чизҳои кайфовар худдорӣ кунад. Агар Рӯза ҳангоми ҷиҳод, мусофират ва ё касал будан дошта нашавад, баъдтар ба …

Муфассал »