Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абулфазл ибни Муборак

abulfazl-muborak

АБУЛФАЗЛ ибни Муборак (1550, Аграи Ҳиндустон -1602), адиб ва шо­ири форсизабони Ҳиндустон, бародари Файзии Даканӣ. Падараш – Шайх Муборак аслан аз мардуми Яман буд. Абулфазл дар ҷавонӣ илмҳои маъмули замонашро мукаммал омӯхта, чанд муддат дар дарбори подшоҳи Ҳиндустон – Ҷалолуддин Акбар (ҳукмронии 1542 – 1605) вазифаи дабириро иҷро кард. Дар …

Муфассал »

АБУЛФАЗЛ СУККАРИИ МАРВАЗӢ

odami_nomalum

АБУЛФАЗЛ СУККАРИИ МАРВАЗӢ, Абулфазл Аҳмад ибни Муҳам­мад ибни Зайди Суккарии Марвазӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири арабизабони аҳди Сомониён (асри 10). Дар шаҳри Марв зиндагӣ ва эҷод ме­кард. Дар эҷодиёташ суннати корбасти зарбулмасалу мақолҳои фор­сии тоҷикиро дар шеъри арабизабон, ки шоири арабизабони эронинажод Солеҳ ибни Абдулқуддус (вафот 783) оғоз …

Муфассал »

АБУЛФАЗЛ СУЛЛАМИИ МАРВАЗӢ

nomalum

АБУЛФАЗЛ СУЛЛАМИИ МАРВАЗӢ (соли таваллуд номаълум – вафот тақрибан 946), аз фақеҳони маъруфи ханафӣ ва вазири амир Нуҳ ибни Наср. Абулфазл Сулламии Марвазӣ аслан Марвӣ буд ва дар шаҳрҳои Марв, Нишопур, Рай, Бағдод, Куфа, Макка, Миср ва Бухоро аз машоихи машҳури он рӯзгор таълим гирифта, баъдҳо машоих ва бузургони Хуросон …

Муфассал »

АБУСАИД МАХДУМ

nomalum

АБУСАИД МАХДУМ (соли таваллуд номаълум – вафот 1910, Самарқанд), хаттот ва кишваршиноси тоҷик, гирдоварандаи дастнависҳои шарқӣ ва осори атика. Аз оилаи мударрис. Дар Мадрасаи Тиллокории Самарқанд таҳсил кардааст. Аз овони ҷавонӣ ба таъриху маданияти тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна шавқи зиёд дошта, ҳангоми таҳсил дар Мадраса бисёр асарҳои таърихиро …

Муфассал »

АБУСАИД БАҲОДУРХОН

nomalum

АБУСАИД БАҲОДУРХОН, охирин хони муғул аз силсилаи Элхонҳо. Абусаид пас аз марги падараш Ӯлчойтухон (1316) дар Табрез ба тахти салтанат нишаст, вале чун ҷавон буд, кудрати воқеӣ дар дасти амир Чӯпон қарор дошт. Авзои сиёсии ин давра ба сомон набуд; амирони муғултабор пай дар пай киём ме- бардоштанд. Окибат соли …

Муфассал »