Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

АБУЛФИДО Исмоил

nomalum

АБУЛФИДО Исмоил (1273, Димишқ- 27. 10.1331, Ҳамо), олими эн- сиклопедиянигори араб, таърихдон, географ; аз авлоди амирони Айюбиёни Ҳамо (Сурия). Асарҳои машҳуру маъмултарини Абулфидо инҳоанд: 1 ) «Ал- мухтасар фӣ таърих-ил-башар». Ин асар ҳодисахо, рӯйдодҳо ва воқеахои то соли 1329-ро, ки аксаран аз қисмҳои  кӯтоҳкардашудаи китоби таърихии Ибни Асир – «Ал-Комил …

Муфассал »

АБУЛФАТҲИ СИҶЗӢ

nomalum

АБУЛФАТҲИ СИҶЗӢ ибни Аҳмад (тақрибан 954 – 1024), шоҳмотбоз, файласуф. мунаҷҷим ва риёзидон. Муаллифи «Китоби шатранҷ». Нусхаи қадимии ин асар (бештар аз 300 саҳифа) соли 1313 ҳиҷрӣ дар Бухоро рӯнавис шудааст, ки он ҳоло дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст. Абулфатҳи Сиҷзӣ дар аввали …

Муфассал »

АБУЛХАЙР МАХДУМИ ҲОФИЗ

nomalum

АБУЛХАЙР МАХДУМИ ҲОФИЗ (1856, Самарканд – 1916, ҳамон ҷо), мусиқидон, сароянда ва навозандаи тоҷик. Дар оилаи донишманд, шоир ва санъаткор ба дунё омада, асосҳои илми мусиқиро аз падар, санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз ҳунарварони зодгоҳаш омӯхтааст. Абулхайр аслан риёзидон буда, овози басо фораму хуб дошт. Махсусан, мақомҳоро моҳирона иҷро мекард. …

Муфассал »

АБУЛФУТӮҲИ РОЗӢ

odami_nomalum

АБУЛФУТӮҲИ РОЗӢ Ҳусайн иб­ни Аҳмади Нишопурӣ мулаққаб ба Ҷамолуддин (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), яке аз намояндагони машҳури фалсафаи калом ва муфассири маш­ҳури асри 10. Авлодаш аслан сокини шаҳри Рай буда, баъдан ба Нишопур муҳоҷират кардааст. Асару тафсирҳои бисёре дорад. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо тафсирҳои машҳури Абулфутӯҳи Розӣ «Рӯҳ-ул-ҷинон» ва …

Муфассал »

АБУЛФАЗЛИ УСМОН ибни Аҳмади Ҳиравӣ

nomalum

АБУЛФАЗЛИ УСМОН ибни Аҳмади Ҳиравӣ (соли таваллуд вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 12). Аслаш аз Ҳирот. Дар Нишопур низ зиндагӣ кардааст. Тазкиранигор Муҳаммад Авфӣ бо ӯ мулоқот кардааст ва вайро дар сил­ки шоирони Хуросони аҳди салҷуқии баъди замони султон Санҷар (ҳукмронии 1118-58) меорад. Авфӣ дар бораи Абулфазли Усмон мегӯяд: «Агарчи …

Муфассал »