Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

АБУМАНСУР ЮСУФ ибни Исҳоқ

nomalum

АБУМАНСУР ЮСУФ ибни Исҳоқ (соли таваллуд номаълум – вафот тақрибан 976, Бухоро), вазири амирон Абдулмалик ибни Нӯҳ ва Мансур ибни Нӯҳ. Пас аз кушта шудани вазир Абучаъфари Утбӣ Абумансури Юсуф вазир таъин гардид ва то охири умри хеш вазир буд.

Муфассал »

АБУМАНСУР ҲУСАЙН ибни Тоҳир

АБУМАНСУР ҲУСАЙН ибни Тоҳир маъруф ба ибни Зайла (990, Исфаҳон – 1048, Ҳамадон), олим, нависанда ва мусиқишиноси форс- тоҷик. Илмҳои тиб, мусиқӣ, фалсафаро дар зодгоҳаш шаҳри Исфаҳон аз бар намуд. Аз шогирдони боистеъдоди Абуалии Сино буда, бисёр илмҳои замонашро аз ӯ омӯхтааст. Дар илмҳои риёзиёт, фалсафа, ҳадис ва тиб таълифоти …

Муфассал »

АБУМАНСУР Муҳаммад ибни Абдурраззоқ

АБУМАНСУР, Муҳаммад ибни Абдурраззоқ (соли таваллуд номаълум – вафот 963), ҳодими давлатии форс-тоҷик. Аз ашрофи шаҳри Туси Эрон. Муддате ҳокими ҳамин шаҳр буд. Солҳои 947 – 951 якчанд бор сипаҳсолори Хуросон таъин гардида, боз маъзул шудааст. Давраи нисбатан оромтари сипаҳсолории ӯ солҳои 951 – 963 мебошад. Абулянбағӣ ба таърихи куҳани …

Муфассал »

АБУЛЯНБАҒӢ Аббос ибни Тархон

АБУЛЯНБАҒӢ Аббос ибни Тархон (соли таваллуд  номаълум – вафот 844), шо­ири форс-тоҷик. Мувофиқи маълумо­ти сарчашмаҳо, Абулянбағӣ аз ҷумлаи аввалин шоиронест, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ шеър гуфтааст. Ӯ надими Барма- киён (хонадони қадими тоҷикон дар Балх) буда, бо забони арабӣ низ шеър эҷод мекардааст. Муаллифи китоби «ал-Масолик ва-л-мамолик» ибни Хурдодбеҳ, ки …

Муфассал »

АБУЛЪАЛОИ ШУШТАРӢ

nomalum

АБУЛЪАЛОИ ШУШТАРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс- тоҷик (асри 10). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Шоирону адибони асрҳои 11 – 12 аз ӯ чун шоири забардасту тавоно ёд кардаанд. Масалан, Манучеҳрӣ Абулъалои Шуштариро дар як шеъраш аз ҷумлаи шоирони забардасти ахди Сомониён ном бурдааст. Абулъалои Шуштарӣ яке аз …

Муфассал »