Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САҲНА

САҲНА 1) майдончаест, ки дар он намоиш (намоиши театрӣ, консерт ва ғайра) баргузор мегардад. 2) Дар песа, спектакл як қисми намоиш ё парда. 3) Ба маънии театр ҳам меояд.

Муфассал »

САҲМИИ БУХОРОӢ

САҲМИИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Саҳмии Бухороӣ дар зодгоҳаш тамоми илмҳои расмии замонро фаро гирифт ва дар байни аҳли адаб шӯҳрат ёфта буд. Аммо аз сахтиҳои зиндагӣ ва беқадрии фазлу хирад ба дод омада, ба Ҳиндустон ҳиҷрат кардааст. Эҷодиёти Саҳмии Бухороӣ дар доираҳои адабии …

Муфассал »

САҲОИИ БУХОРОӢ

САҲОИИ БУХОРОӢ  Назармуҳаммад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Аз оилаи заргар. Саҳоии Бухороӣ аз хурдӣ шуғли падарашро омӯхта, баробари шеъргӯӣ заргарӣ ҳам мекардааст. Аз ин рӯ, дар ашъори ӯ орзую умеди ҳунармандони шаҳр бештар инъикос ёфтааст. Саҳоӣ дар шеърҳояш ба зиндагӣ аз дидгоҳи табақаи поёни иҷтимоӣ …

Муфассал »

САҲОБИИ АСТАРОБОДӢ

САҲОБИИ АСТАРОБОДӢ (соли таваллудаш номаълум, Шуштар— вафоташ 1601, Наҷаф), шоири тоҷик. Дар ҷавонӣ аз Шуштар ба Наҷаф рафта чил сол дар он ҷо иқомат ва касби камол кардааст. Ба ҳамин ҷиҳат ба Астарободӣ ва Наҷафӣ маъруф аст. Гоҳе номашро Шайх Саҳобӣ ҳам сабт кардаанд. Аз ашъораш бармеояд, ки марди суфимашраб буда, …

Муфассал »

САҲОРБУХТ

САҲОРБУХТ ибни Исо (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), табиб ва дорушиноси асри 9 форс-тоҷик. Дар шаҳри Гундишопур таваллуд шуда, тиб ва дорушиносиро дар ҳамон ҷо аз Ҳусайн ибни Исҳоқ (808—878) омӯхтааст. Саҳорбухт оид ба тиб якчанд асар таълиф намудааст, ки муҳимтаринаш «Китоб қуво-ул-адвийат-ул-муфрада»  мебошад. Ю. Н. Нуралиев.

Муфассал »