Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Газетаи «САДОИ ТУРКИСТОН»

newspapers

«САДОИ ТУРКИСТОН», газета, нашрияи буржуазияи миллии Туркистон, ки дар Тошканд аз апрел то сентябр 1914 ҳамагӣ 66 шумора баромадааст. Азбаски муҳаррири «Садои Туркистон» Убайдуллохоҷа Асадуллохоҷаев хати арабиро намедонист, таҳрири мақолаҳо бештар ба зиммаи Мунаввар Қорӣ буд. Дар кори «Садои Туркистон» А. Авлонӣ, Ҳамза Ҳакимзода, С. Айнӣ, А. Сулаймон ва дигарон …

Муфассал »

«САДОИ АМЕРИКА»

vof

«САДОИ АМЕРИКА» («The voice of America»), стансияи радиошунавонии ҳукумати ИМА барот мамлакатҳои хориҷист (аз соли 1942). Ба ҳайати Агентии информатсионии ИМА дохил аст. Ба воситаи бештар аз 100 передатчик қариб ба 50 забон (аз ҷумла форси) ахборот медиҳад. Калонтарин марказҳои ретранслятсияи «Садои Америка» дар Британияи Кабир, РФГ, Юнон, Маракаш, Либерия, …

Муфассал »

«САДОИ БАРҚ»

«САДОИ БАРҚ», мавҷҳои инфрасадоиеро гӯянд, ки дар сатҳи баҳр ҳайгоми вазидани шамоли сахт шунида мешавад. «Садои барқ» ҳангоми дар паси қуллаҳои мавҷ пайдо шудани гирдоб зуҳур меёбад. Азбаски суръати паҳноиши инфрасадо аа суръати забти тӯфон чанд карат зиёд аст, аз рӯи авзои «Садои барқ» хурӯҷи тӯфонҳоро пешгӯӣ кардан мумкин аст.

Муфассал »

САДОВЯНУ Михаил

САДОВЯНУ (Sadoveanu) Михаил (5. 11. 1880, Пашкани—19.10.1961, Бухарест), нависандаи румин, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аъзои академияи Руминия (1921), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистии Республикаи Халқии Руминия (1955). Аз оилаи адвокат. Дар ҳикояҳояш (маҷм. «Қабри кӯдак», 1906; «Сокинони таҳхонаҳо», 1912 ва ғайра) ҳаёти деҳқонон инъикос ёфтааст. Сифатҳои беҳтарини халқи руминро дар романи «Табарзин» …

Муфассал »

САДОВСКИЙҲО

САДОВСКИЙҲО, оилаи актёрони рус, ки дар инкишофи реализми саҳнавии рус ҳиссаи арзанда гузоштааст. Пров Михайловиче, (фамилияи асҳиаш Ермилов) (23. 10. 1818, Ливни—28. 7. 1872, Москва). Баъди фавти падар дар тарбияи тағоҳояш Г. В. ва Д. В. Садовский— актёрони намоёни музофотӣ буд (тахаллуси Садовскийҳо аз ҳамин ҷост). Соли 1832 ба дастаи …

Муфассал »