Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СЕРПЕНТИН

СЕРПЕНТИН (аз лотинӣ serpens  — мор  ранги баъзе Серпентинҳо ба пӯсти мор шабоҳат дорад). минералест аз синфи силикатҳо. Таркиби химиявиаш Mg6 [Si4 O10] (OH)8. Серпентин аз ҷиҳати морфологӣ ва хусусиятҳои деформатсияи панҷараи кристаллӣ ба се намуди асосӣ ҷудо мешавад: антигорит (Серпентини майдапулакчаи варақмонанд), хризотил (Серпентини маҳиннах), лизардит (Серпентини маҳиндона). Ҳамаи …

Муфассал »

СЕРОТЕРАПИЯ

СЕРОТЕРАПИЯ (аз лотинӣ serum зардоб ва терапия), зардобшифоӣ, як усули муолиҷаи бемориҳои (асосан сироятии) одам ва ҳайвонот бо ёрии зардобҳои масун. Манфиати муолиҷа асосан ба иммунитети нофаъол, яъне безарар гардонидани микробҳо (токсинҳо) бо ёрии подтанҳо (подзаҳрҳо), ки дар таркиби зардоби мазкур мавҷуданд, асос ёфтааст. Чунин зардобро бо роҳи гипериммунизатсияи ҳайвонот …

Муфассал »

СЕРИЯ

СЕРИЯ дар геология, калонтарин қисмати стратиграфиро гӯянд, ки табақаи ғафси ҷинсҳои кӯҳиро дарбар гирифта, ба даврияти ягонаи таҳшинӣ, вӯлқонӣ ё тектоникӣ мувофиқ меояд. Ҳаҷман ба қисми геологӣ баробар буда, ба чандин свитаи геологӣ тақсим мешавад.

Муфассал »

СЕРОЛОГИЯ

СЕРОЛОГИЯ (аз лотинӣ serum—зардоб ва …логия), зардобшиносӣ, як фасли иммунологияро гӯянд, ки таъсири мутақобили подзо (микроб, вирус, сафедаи бегона) ва подтани зардоби хунро меомӯзад. Реаксияҳои серологӣ бевосита ё дукомпонента (агглютинатсия, гемагглютинатсияи нофаъол, пресипптатсия ва ғайра) ва бавосита ё сакомпонента (реаксияи безараргардонӣ, масалан, безараргардонии микроб, реаксияи боздории гемагглюинатсия ва ғайра) мешаванд. …

Муфассал »

СЕРИСИТ

СЕРИСИТ (аз лотинӣ sericus — абрешимгун), минерал, навъи абрақҳои сафед, одатан, мусковит КАl2 [Аl Si3 O10] (ОН)2, баъзан парагонит NаАl2 [Аl Si3  O10] (ОН)2.   Аксар вақт даp микдори ками калий ё натрий ва миқдори pиёди об, SiO2 MgO ҳосил гардида, аз ҷиҳати таркиб ба гидроабрақ наздиктар мешавад. Серисит бештар …

Муфассал »