Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИЖД

СИЖД, деҳаест дар  Навободи райони Шуғнони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территортяи совхози «Ватан». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 8 км, то район 37 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 610 нафар (1985), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола ва клуб дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва зироаткорист. Заминҳо аз дарëчаи Мун обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

СИЁҲҶОРӮБ

СИЁҲҶОРӮБ (Artemisia annua), гиёҳи худрӯи тундбӯест, аз оилаи мураккабгулҳо. Нигаред Бӯгинакҷорӯб.

Муфассал »

СИËҲФАРК

СИËҲФАРК, деҳаест дар райони Ховалинги вилояти Кӯлоб, маркази Совети қишлоқ Шуғнон. Территорияи совхози хоҷагии ҷангалпарварӣ. Аз деҳа то маркази район 12/9 киллометр. Аҳолиаш 1130 нафар (1985), тоҷикон. Мактаби 8-сола, клуб, касалхона, пункти тиббӣ маишӣ, магазин ва ошхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ ҷангалпарварист.

Муфассал »

СИЁҲЧАИ ҲОФИЗ

СИЁҲЧАИ ҲОФИЗ  Ҳофизи Сиёҳча (соли таваллуд ва ваоташ номаълум), ҳофиз, машшоқ ва бастакори асри 15 тоҷик. Дар Ҳирот ба дунё омада, санъати мусиқиро аз падараш Саиди Ҳофиз омӯхтааст. Cиëҳчаи Ҳофиз дар  машшоқӣ ва сурудани соқиномаю ҷангномаҳо бо бузургтарин ҳофизони давраш Султонмуҳаммади Айшӣ, Ҳофизи Убаҳӣ, Ҳофизи Ҳасаналӣ ва дигарон ҳамсоя будааст. …

Муфассал »