Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САИД АБДУЛЛОҲИ БУХОРОӢ

САИД АБДУЛЛОҲИ БУХОРОӢ хушнавис ва хаттоти тоҷик (асри 17). Зодгоҳаш Бухоро. Бо номҳои «Дарвеш Абдӣ» ва «Мавлавӣ» шӯҳрат доштааст. Санъати хаттотиро аз Миримоди Ҳусайнӣ омӯхтааст. Ба шаҳрҳои Истамбул, Исфаҳон, Ҳиҷоз ва сарзамини Миср сафар кардааст. Ҳангоми дар Истамбул иқомат доштанаш шӯҳрати хати настаълиқро афзуда, “Шоҳнома”-и Фирдавсиро китобат кардааст.

Муфассал »

САËДАТ Мирзо Ҷалолуддин

САËДАТ Мирзо Ҷалолуддин (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 17). Ҳамзамова Бедил ва Зебуннисо. Дар зодгоҳаш — Лоҳур илмҳои расмии замовашро омӯхта, ба шоирӣ пардохтааст (се бародари ӯ низ шоир будаанд). Саëдат дар чанд тазкира («Калимот-уш-шуаро», «Риёз-уш-шуаро» ва ғайра) чун шоири забардаст, баландтабъ ва маънипарвару хубгӯ ёд …

Муфассал »

Гули САДТУМОНӢ

Paeonia Shirley Temple IMG_5601

САДТУМОНӢ, гули к о ф а р, гули маҷаҳ, саллагул, пион (Paeonia), ҷинси гиёҳҳои бисёрсола ё буттаҳои қадпасти ҳамешасабзест аз оилаи маҷаҳиҳо (Paconiaceae). Барги пармованди чок-чок ё себарга, гули калон-калону (бараш 6—12 см) серопулбарг (гули намудҳои худрӯл Садтумонӣ 5—8-барга)-и зард, сафед, сурх, гулобӣ ва тухми сиёҳи ҷилодор, меваи «баргак» дорад. …

Муфассал »

САДҒ

САДҒ (арабӣ—миёни чашму гӯш), судғ, чайка, гиҷгоҳ, гӯшаи а б р ӯ, дар тибби қадим маваееро гӯянд, ки дар мобайни чашм ва гӯш воқеъ аст.

Муфассал »