Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИПЕҲР Мирзо Аббосқулихон

СИПЕҲР Мирзо Аббосқулихон, Сипеҳри Сонӣ (1851, Кошон—27. 01. 1924, Теҳрон), адабиётшинос ва муаррихи эронӣ. Писари Сипеҳр Муҳаммадтақихони Кошонӣ. Солҳои 1870—1896 муншии Вазорати корҳои хориҷӣ ва адлия буд. Дар аввали асри 20 Сипеҳр ҳизмати давлатиро тарк намуда, ба тадқиқи масоили адабӣ ва таърихӣ пардохт. Асари муҳимтарини Сипеҳр «Таърихи Қоҷория» аст, ки …

Муфассал »

СИПАҲСОЛОР

СИПАҲСОЛОР, дар истилоҳоти ҳарбии қадим сарлашкар. Аз қадимулайём байни халқҳои форс-тоҷик тамоми ихтиёри лашкар ба дасти Сипаҳсолор буд. Замонҳои пеш Сипаҳсолор роҳбари ҳамаи армияи амалкунанда таъин мешуд. Нигаред низ Сарфармондеҳ, Сарфармондеҳи олӣ.

Муфассал »

СИПАРҒАМ

СИПАРҒАМ, сипарам, сипрам, номи дигари райҳон; ҳар гуна гиёҳҳои хушбӯйро гӯянд.

Муфассал »

СИПАРМОҲӢ

СИПАРМОҲӢ, як гурӯҳ ҷонваронеро гӯянд, ки ба онҳо пеш беҷум- ҷумаҳои мурдарафта (остракодермҳо) ва моҳиҳои мурдарафта (плакодермҳо)-ро мансуб медонистанд. Ин ҷонварон сипари устухоние доштанд, ки сар ва қисми пеши бадани онҳоро пурра ё қисман мепӯшид.

Муфассал »

СИПАР

СИПАР, асбоби ҷангии қадимист, ки аз филиз, пӯсти говмеш ва ғайра месохтанд ва дар вақти ҷанг барои мудофиаи сару бадан аз шамшер ва найзаи душман истифода мебурданд.

Муфассал »