Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИРЕШ

СИРЕШ, сириш, ширеш, баргҳои куфтаву бехтаи гиëҳи сич (суч)- ро гӯянд, ки онро бо об сиришта барои часпондани чизе ба чизе истифода мебаранд. Сирешро аз бехи сич низ тайëр мекунанд.

Муфассал »

СИРИШК Муҳаммадризои Шафеи Кадканӣ

СИРИШК Муҳаммадризои Шафеи Кадканӣ (таваллудаш 1939, деҳаи Кадкарк остони Хуросон), шоир ва адабиëтшиноси эронӣ. Дар Машҳад таҳсил кардааст. Пас аз хатми таҳсил ба Теҳрон рафта, дар донишгоҳи Теҳрон ба тадрис машғул гардид. Ашъори Сиришк ҳам дар сабки классикӣ ва ҳам дар равияи шеъри озод эҷод шудаанд. Ӯ муаллифи панҷ маҷмӯаи …

Муфассал »

Вилояти СИРДАРЁ

СИРДАРЁ, вилоятест дар ҳайати Республикаи Советӣ Сотсиалистти Ӯзбекистон (аз 16 феврали 1963). Масоҳаташ 5,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 506 ҳазор нафар (1984), аҳолии шаҳрӣ 30%, 9 район, 5 шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Гулистон. Вилоят дар дашти Мирзочӯл воқеъ гаштааст. Набототаш асосан биёбонӣ ва нимбиёбонист. Ҳарорати миëнаи январ аз —0,3 то —20С, …

Муфассал »

СИР

СИР, сум, савм, сирпиёз, саримсоқ, нимчамулло , сабзавотест аз ҷинси пиёз (оилаи пиёҳо). Пиёзакаш аз 6—30 «нохунак» («дандона») иборат буда, бо пардаи сафед пушида шудааст. Гулаш сафед ë нофармон, хӯшагулаш чатршакл, савсанбарг (дарозиаш то 1 м). Бӯю таъми хос дорад. Сир арчи ҳамтавила чу савсан бувад ба ранг, Ғаммози бӯю …

Муфассал »

СИРАТ Абулфазл

СИРАТ Абулфазл (соли таваллудаш номаълум, Балх — вафоташ 1898, Бухоро), шоири тоҷик. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, барои давом додани таҳсил ба Бухоро омадааст. Пас аз хатми таҳсил ба таълиму тадрис пардохт. Ӯ аз илмҳои шеъру адаб, луғат, таърих ва ғайра вуқуфи комил дошт. Ашъори Сират аз ғазал, рубоӣ, фард, …

Муфассал »