Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абрамов Александр Констан­тинович

abramov-konstantin

АБРАМОВ Александр Констан­тинович (28. 8. 1836, губернияи Новгород – 25. 10. 1886, Симферопол), олим ва генерали рус, иштирокчии фаъоли юришҳо ба Осиёи Миёна. Соли 1858 ба батареяи пиёдагарди Сибир гузашта, аз соли I860 дар юришҳои Россия ба Туркистон иштирок кардааст. Дар ишғол намудани қалъаи Пишпек (Бишкеки ҳозира) аз сараш захмӣ …

Муфассал »

АБРАҚ

abraq

АБРАҚ – (ба забони руссӣ слюда) минерали алюмосиликатие, ки сохташ варақин аст. Абрақ гармитобовар буда, ҷараёни электрикиро намегузаронад ва таркиби химиявиаш мураккабу тағйирёбанда мебошад. Формулаи умумиаш: R1R2.3[AlSi3O10](OH.F)2, ки дар ин ҷо R,=K, Na; R. =А1, Mg, Fe, Li мебошад. Аз рӯи таркиб Абрақ магнию оҳандор (фогопит, биотит, лепидомелан), алюминийдор (муско­вит, парагонит) ва …

Муфассал »

АБРАЗИЯ

abraziya

АБРАЗИЯ, (лотинӣ abrazio – тароши­дан), аз бархӯрдани (латмазании) мавҷҳои об вайрон шудани соҳилҳои укёнус, баҳр, кӯл ва обанборҳои калон. Омилҳои асосии бавуҷудоии Абразия нишебии сатҳи соҳил, таркиби геологии он, дараҷаи қувваи мавҷ мебошанд. Абразия дар сатҳи аз об баланди соҳилҳо суфа ва зинаҳои ба ном абразиявӣ ва поёнтар суфаҳои аккумулятивӣ …

Муфассал »

Абразивҳо

abrasifs

АБРАЗИВҲО (франсавӣ abrasif – суфтакунанда, сайқалдиҳанда, лотинӣ abradere – тарошидан, зудудан), маводи ниҳоят сахт, ки барои коркарди сатҳи масолеҳи гуногун истифода мешаванд. Абразив дар техника дар равандҳои суфтакунӣ, сайқалдиҳӣ, буриши масолеҳ ва ғайра истифода мебаранд. Абразив аз рӯи сахтӣ, сохти химиявӣ ва андозаи заррачаҳои суфтакунанда табиӣ (алмос, ақиқи сурх, кварс, …

Муфассал »

Абр

абр

АБР, маҳсули муаллақи конденсатсияи буғи об дар атмосфера, ки дар осмон аз сатҳи замин мушоҳида мешавад. Абр аз қатраҳои хурдтарини об ё зарраҳои ях иборат аст. Абр омили муҳими обу ҳавост, ки низоми боришоти атмосфериро муайян ме¬кунад ва ба мизони ҳарорати атмос¬фера таъсир мерасонад. Абр ба ҳисоби миёна қариб ними …

Муфассал »