Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИСТЕМАҲОИ ҚАРЗӢ

  СИСТЕМАҲОИ ҚАРЗӢ системаҳои кредитӣ, 1) дар маънои васеъаш маҷмуи муносибатҳои кредитӣ, шакл ва методҳои кридитианд, ки дар доираи ин ва ё он мамлакат вуҷуд доранд (нигаред Кредит). 2) Дар маънои маҳдудаш системаи муассисаҳои кредитии ин ва ё он мамлакат (банкҳо, ҷамъиятҳои суғуртавӣ, кассаҳои амонатӣ ва ғайра)-ро гӯянд.

Муфассал »

СИСТЕМОТЕХНИКА

systemotexnika

СИСТЕМОТЕХНИКА, равияи илмию техникиест, ки масъалаҳои лоиҳакашӣ, сохтану санҷиш ва истифодабарии системаҳои мураккабро дар бар мегирад. Ҳангоми коркарди системаҳои мураккаб масъалаҳое ба миён меоянд, ки на танҳо ба хосиятҳои қисмҳои таркибии он, балки ба қонуниятҳои амалиёти объект дахл доралд. Масалан, муайян кардани структураи умумии система, ташкили амали байниякдигарии таҳсистемаю элементҳо, …

Муфассал »

СИСТЕМАТИКАИ ҲАЙВОНОТ

sys-hayvonot

СИСТЕМАТИКАИ ҲАЙВОНОТ, як фасли систематикаро гуянд. Дар асри 4 то милод Арасту бори нахуст зиёда аз 450 хел ҳайвонро ба қайд гирифта, ба 2 гурӯҳи калон (хундор ва бехун) ҷудо намуд. Ҷонварони хундорро Арасту ба гуруҳҳое тақсим кард, ки тахминан ба синфҳои имрӯза наздиканд. Соли 1693 биологи англис Ҷ. Рей …

Муфассал »

СИСТЕМАТИКАИ РАСТАНӢ

rastani

  СИСТЕМАТИКАИ РАСТАНӢ, як фасли систематикаро гӯянд. Систематикаи растанӣ таърихи қадим дорад. Ҳанӯз Теофраст растаниҳоро ба 4 гурӯҳ — дарахт, бутта, нимбутта ё буттача («фриганон») ва алафҳо ҷудо карда буд. Олими италиявӣ А. Чезалпино (1583) нахустин таснифотм сунъии растаниҳоро, ки асосан ба сохти мева ва тухм асос ёфта буд, нашр …

Муфассал »

СИСТЕМАТИКА

biology-1

СИСТЕМАТИКА дар биология, илмест, ки гуногунии ҳамаи организмҳои мавҷуда ва мунқариз, муносибати байни ҳамдигарӣ ва алоқаи хешии байни гурӯҳҳои (таксонҳои) гуногуни онҳо — популятсия, намуд, ҷинс, оила, қатор, синф, тип ва ғайраро тавсиф менамояд. Мақсади асосии Систематика бо роҳи муқоиса муайян кардани ҷиҳатҳои хоси ҳар як намуд ва ҳар як …

Муфассал »