Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СКИПИДАР

skipidar

СКИПИДАР, равғани терпентин, як моеъи беранги шаффофро гӯянд, ки бӯи тез дорад; t ҷӯшишаш 153 —180°С, зичиаш 855—863 кг/м3; дар об ҳал намешавад, дар ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал ва дар ҳаво зуд оксид мешавад. Бештар Скипидарро аз самғ (Скипидари самғӣ) бо роҳи буғронӣ ба воситаи буғи об ҳосил мекунанд. Скипидар омехтаи …

Муфассал »

СКИАПАРЕЛЛИ Ҷованни Вирҷинио

skiaparelli

 СКИАПАРЕЛЛИ Ҷованни Вирҷинио (14. 03. 1835, Савиляно, Пемонт —04.0 7. 1910, Милан), астрономи италиявӣ. Ҳамчун тадқиқотҷии сайёраи Миррих машҳур аст: дар Миррих шабакаи хатҳои борики рост («каналҳо»)-ро ошкор сохт (1877). Дар асоси ин кашфиёташ фарзияе пеш ниҳод, ки гуё «каналҳо» иншоотҳои сунъӣ бошанд. Ин фаразияро ҳеҷ кас дастгирӣ накард. Скиапарелли …

Муфассал »

СКЕПТИСИЗМ

savol

СКЕПТИСИЗМ (аз юнонӣ skeptikos – муфаттиш, муҳаққиқ), ҷараёни фалсафиест, ки асоси онро шакку шубҳа ба мавҷудияти ягон меъёри мӯътамади ҳақиқат ташкил мекунад. Шакли ифротии Скептисизм агностисизм аст. Нигаред низ Шаккокия.

Муфассал »

СКВОРСОВ – СТЕПАНОВ Иван Иванович

skvorsov-stepanov

СКВОРСОВ – СТЕПАНОВ Иван Иванович (фамилия Скворсов, лақаби адабиаш — И. Степанов); 08. 03. 1870, Богородск, ҳоло Ногинск, вилояти Москва—08. 10. 1928, Сочи), ходими давлатӣ ва партиявии совети, муаррих, иқтисодчӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1896. Соли 1890 Институти муаллимии Москваро хатм намуд. Дар Москва муаллим шуда …

Муфассал »

СКЕЛЕТ

skelet

  СКЕЛЕТ (аз юнонӣ Skeletos — хушкшуда, қоқшуда), маҷмӯи бофтаҳои сахти организми ҳайвонот ва одамро гӯянд, ки вазифаи такягоҳи бадан ва аз офатҳои механикӣ муҳофизат кардани онро иҷро мекунад.   Скелети одам аз устухонҳои ҷумҷума, дасту пой ва тана иборат буда (ҳамагӣ беш аз 200 устухон), аз ҷиҳати сохти умумӣ …

Муфассал »