Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СОБОЛЕВ Леонид Сергеевич

sobolev-leonid

СОБОЛЕВ Леонид Сергеевич (21.7.1898, Иркутск—17. 2. 1971, Москва), нависандан советии рус, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1968). Омӯзишгоҳи баҳрии Петроградро хатм намудааст. Иштирокчии Ҷанги граждаиӣ (1918—20); солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) мухбири ҳарбии «Правда» буд. Асарҳояш аз соли 1926 нашр шудаанд. Дар романи «Таъмири куллӣ» (ҷилди 1, 1932, бобҳои наваш 1962) таназзули …

Муфассал »

СОБОЛЕВ Владимир Степанович

sobolev-vladimir

СОБОЛЕВ Владимир Степанович (таваллудаш 30. 5. 1908, Луганск, ҳозира Ворошиловград —2. 9. 1982, Новосибирск), геологи советӣ, олими соҳаи минералогия ва петрография, академики АФ СССР (1958), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. Асарҳои асосии Соболев бо тадқиқи ҷинсҳои магмавӣ ва метаморфии платформаи Сибир ва Украина алоқаманданд. Соболев дар ҳалли проблемаҳои минералогияи умумӣ ва минералогияи …

Муфассал »

СОБИТАИ ПЛАНК

const-plank

СОБИТАИ ПЛАНК, кванти таъсир, собитаи асосии назарияи кванть (нигаред Механикаи квантӣ)-ро гӯянд. Ин собитаро соли 1900 М. Планк ҳангоми муқаррар кардани қонуни тақсимоти энергия дар спектри афканишоти ҷисми мутлақ сиёҳ ба илм дохил кардааст. Ишораташ Н. Дар асоси эффекти Ҷозефсон қимати нисбатан саҳеҳи Собитаи Болсманро ҳосил кардаанд.

Муфассал »

СОБИТАИ ГРАВИТАТСИОНӢ

gravitation-const

СОБИТАИ ГРАВИТАТСИОНӢ, коэффитсиенти мутаносибиест, ки ба формулаи қонуни ҷозибаи Нютон дохил аст (G ишора мешавад). G ададан ба қувваи ҷозибаи ду нуқтаи материалие баробар аст, ки ҳар яке як килограммӣ масса дошта, аз масофаи 1 м ба ҳам таъсир мекунанд. G= (6,6720±0,041)  

Муфассал »