Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СОЛШУМОРИИ ЯЗДИГУРДӢ

sol

СОЛШУМОРИИ ЯЗДИГУРДӢ, тақвимест, ки эрониёни қадим ҳамчун ченаки вақт истифода мебурдаяд. Аз рузи ба тахт нишастани шоҳи охирини Сосониён Яздигурди III (16 июни 632, мутобиқ ба 21 рабеъулаввали соли 11 ҳиҷрии қамарӣ) сар мешавад. Мувофиқи Солшумории яздигурдӣ сол ба 12 моҳ (фарвардин, урдибиҳишт, хурдод, тир, мурдод, шаҳривар, меҳр, обон, озар, …

Муфассал »

СОЛШУМОРИИ ЮЛИАНӢ

yulianskij_kalendar

СОЛШУМОРИИ ЮЛИАНӢ, системаи муҳосибаи муддати тӯлонии вақт, ки бори аввал дар Рими Қадим Юлий Цезарь баъди ислоҳот 1 январ 45 то мелод ҷорӣ намуд (номи солшуморӣ низ аз ҳамин ҷост). Рӯзи 1 январ рӯзи аввали соли нав гардид (пеш аз ин дар тақвими римӣ оғози соли нав рӯзи 1 март …

Муфассал »

СОЛШУМОРИИ ХОРАЗМӢ

kalendar3

СОЛШУМОРИИ ХОРАЗМӢ, тақвимест, ки хоразмиёни қадим ҳамчун ченаки вақт истифода мебурданд. Мувофиқи Солшумории хоразмӣ сол аз 12 моҳ иборат буда ба охири моҳи 12-ум 5 рӯз илова мекарданд. Сол аз моҳи Равчнафив навсарҷӣ оғоз меёфт, ки ин ба 25—26 марти солшумории милодӣ рост меояд. Номи моҳҳои Солшумории хоразмӣ аз рӯи …

Муфассал »

СОЛШУМОРИИ ФОРСИИ ҚАДИМ

sol

СОЛШУМОРИИ ФОРСИИ ҚАДИМ, солшумориест, ки дар давлати Ҳахоманишиён истифода мегардид. Соли қабул шудани ин солшуморӣ маълум нест, вале аз ҳуҷҷатҳо, катибаҳои Ҳахоманишиниён бармеояд, ки он то соли 459 то мелод ройиҷ будааст. Аз соли 441 то мелод ба ҷои он Солшумории зардуштӣ маъмул гардид. Солшумории форсии қадим дар таъсири солшумории …

Муфассал »

СОЛШУМОРИИ СУҒДӢ

kalendar3

СОЛШУМОРИИ СУҒДӢ, тақвимест, ки суғдиёни қадим ҳамчун ченаки вақт истифода мебурданд. Тақвим аз байни ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ ёфт шудааст. Мувофиқи Солшумории суғдӣ ҳар моҳ аз 30 рӯз ва сол аз 365 руз (360+5 рӯзи иловагӣ) иборат буд. Моҳҳои Солшумории суғдӣ ба шарафи худоёни зардуштӣ номида мешуданд: Навсардич, Ҷарҷиничи, Ниснич, Насоканич, …

Муфассал »