Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СУҲАЙЛ

suhayl

СУҲАЙЛ, канопус, а-ситораи бурҷи Думи Киштист. Қадри ситоравии визуалиаш 0,75; равшаниаш аз равшании Офтоб 7800 маротиба зиёд масофа аз Офтоб то ситораи Суҳайл 160 пс буда, дуюмин ситораи равшантарини Осмон аст.

Муфассал »

СУҒУРТА

sughurta

СУҒУРТА, маҷмӯи чорабиниҳо барои ба вуҷуд овардани фонди пулӣ (суғуртавӣ) аст, ки аз ҳисоби он вақти рӯй додани офати табиӣ, фалокат, ҳодисаи ногаҳонӣ ва дигар воқеаҳои нохуш тавони зарари расида ва дигар маблағҳои пулӣ пардохта мешавад. Он ба Суғуртаи молу мулк (масалан, иморат, киштукор, ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, молу амволи хона, …

Муфассал »

СУҒУР

sughur

СУҒУР (Маrmоtа), суғар, усғар, усғур, ҷонварест сурхчамӯй аз ҷинси хояндаҳо. Дарозии танашто 60 см ва думаш то 30 см. 15 намудаш дар дашту (ғайр аз биёбону тундра) кӯҳҳои Нимкураи шимолӣ то баландии 4800 м аз сатҳи баҳр паҳн шудааст. Дар СССР 6, аз ҷумла дар Тоҷикистон 2 намудаш Суғури сурх …

Муфассал »

СУҒОНИИ УСТУРЛОБӢ Аҳмад ибни Муҳаммад

unknown-person1

СУҒОНИИ УСТУРЛОБӢ Аҳмад ибни Муҳаммад (соли таваллуд номаълум — вафот тақрибан 990), олими маъруфи форс-тоҷик. Аслан аз Сугон — яке аз деҳаҳои Марворуд (дар Хуросон) буда, қисми асосии ҳаёташ дар Бағдод гузаштааст. Ҳамчун астроном, математик ва ихтироъкори асбобҳои астрономӣ шӯҳрат пайдо карда, дар мадрасаҳои Бағдод оид ба илмҳои дақиқ дарс …

Муфассал »

СУҒДИЁНИТ

silikatho

СУҒДИЁНИТ, минералест аз синфи силикатҳо; Таркиби химиявиаш: К1, №0,9, Li2. (Li 0,6Fe2+0,2Fe4+0,6Al 0,2Ti 0,2) (Zr 0,3 Ti 0,2) {Si2O5]6. Рангаш бунафш. Сахтиаш 7; зичиаш 2,9 г/см . Якҷоя бо авдиалит ва тоҷикит вомехӯрад. Ин минералро аввалин бор геологи тоҷикB.  Д. Дӯстматов аз байни пегматитҳоишқории Помир ёфта, Суғдиёнит номидааст.

Муфассал »