Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СЪЁЗДИ 1-УМИ РСДРП

1-sezd-rsdrp

СЪЁЗДИ 1-УМИ РСДРП, 13—15 марти 1898 дар Минск пинҳонӣ барпо гардид. Бо ташаббуси иттифоқи мубориза барои озод кардани синфи коргарии Петербург, ки онро В. И. Ленин сарварӣ мекард, даъват карда шуд. Съезд дар хонаи хизматчии роҳи оҳан социалдемократ П. В. Румянсев гузашт. Дар он ҳамагӣ 9 вакил иштирок дошт, онҳо …

Муфассал »

СХОЛАСТИКА

sxolastika

СХОЛАСТИКА (аз юнонӣscholasticos — мактабӣ, олимӣ), як равияи маъмули фалсафаи асримиёнагии Европаро гӯянд. Бунёдаш аз далелу бурҳонҳои мавҳуми мантиқи иборат аст, ки ба мақсади собит кардани аҳкоми дини масеҳи ба тарзи сунъӣ сохта шудааст. Ба Схоластикаи ибтидоӣ (асрҳои 11—12) ғояҳои афлотунияи августинӣ таъсир кардааст. Шиори асосии Анселми Кентерберӣ «эътиқоди хирадҷӯ», …

Муфассал »

СХЕМОТЕХНИКА

sxemotexnika

СХЕМОТЕХНИКА, як равияи илмию техникист, ки проблемаҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқи схемаҳои асбобу олоти радиотехникаю алоқа, автоматика, техникаи ҳисоб ва дигар соҳаҳоро дар бар мегирад. Схемотехника солҳои 60 дар натиҷаи унификасияи схемаҳо барои татбиқи бисёр соҳаҳои тохника ба миён омад. Вазифаи асосии он муайян кардани сохти схемаҳои электроние мебошад, ки иҷрои …

Муфассал »

СФИНКС

sfinks

СФИНКС (юнонӣ Sphinx), Абулҳавл, 1) дар Мисри қадим, мавҷудоти афсонавӣ, муҷассамаест (рӯҳи муҳофиз, таҷассумкунандаи ҳукумати шоҳ), ки танааш ба шер ва сараш ба сари одам ё ҳайвони муқаддас монанд тасвир ёфтааст. Калонтарин Сфинкси боқамонда дар Гиз, наздикии аҳроми Хефрен (асри 28 то мелод) воқеъ гашта, Сфинкси Калон ном дорад. 2) …

Муфассал »

СФЕРОИД

sferoid

СФЕРОИД (аз сфера ва юнонӣ еidos — шакл), ба маънии ҷузъӣ элипсоиди чархзании фишурдашудаеро гӯянд, ки дараҷаи фишуришаш хурд аст. Дар маънои куллӣ ҳама гуна сатҳи шаклаш ба сфера монандро Сфероид меноманд (масалан, сфероиди Замин).  

Муфассал »