Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ЧАРОГОҲ

charogoh

ЧАРОГОҲ, чарохӯр, чарохор, алафзореро гӯянд, ки барои чаронидани чорво истифода мебаранд. Чарогоҳ табиӣ ва кишта (мазрӯъ) мешавад. Набототи Чарогоҳҳои табиӣ асосан аз алафҳои бисёрсолаи худрӯй, баъзан гулсанг (тундра), нимбуттаву бутта (тундра, нимбиёбон ва биёбон) иборат аст. Чарогоҳи киштаро бо роҳи беҳтар кардани алафзори табииӣ (ҳамвор кардани пастиву баландиҳо, канда партофтани …

Муфассал »

ЧАРМГАРӢ

charmgari

ЧАРМГАРӢ, даббоғӣ, яке аз қадимтарин навъҳои ҳунармандист. Дар замони қадим одамони ибтидоӣ пусти ҳайвонотро ба сифати либос истифода мебурданд. Одамон тадриҷан бо ёрии олоту моддаҳои химиявӣ ош додани пўст, тайёр кардани чарм ва аз он дӯхтани ҳар гуна либосу пойафзол ва ғ.-ро омӯхтанд. Чармгарӣ чун касби махсус дар шаҳру деҳоти …

Муфассал »

ЧАРВАКА

charvaka-lokayata

ЧАРВАКА (санскр.), локаята, мактаби атеистию материалистии фалсафаи Ҳиндустони қадимро гӯянд. Он нишондодҳои Ведало ва нуқтаҳои асосии онро рад намуда, тамоми оламро маҳсули чор нахуст унсур — ҳаво, оташ, об, хок мешуморад. Баъзан эфирро низ илова менамояд. Чарвака ба принципҳои материалистӣ такя карда, мавҷудияти қувваҳои фавқуттабиӣ, худоҳо, иблис, манфиати қурбониҳо ва …

Муфассал »

ЧАРМ

charm

ЧАРМ, кемухт, сахтиён, пусти ош дода шудаи ҳайвонот аст, ки дар чармгарӣ ба кор равад. Чарм пустест, ки хосияти он зери таъсири василаҳои механикӣ, физикӣ ва химиявӣ вобаста ба таъинот тағйир дода шудааст. Дар СССР Чармро аз рўи аҳамият ба 4 гуруҳ — Чарми пойафзол, сарроҷию зин, техникӣ ва либосу …

Муфассал »

ЧАРМ

charbu

ЧАРМ Равған. 2) дар тиб, равғани дарунии одаму ҳайвонот, як қисми масориқа. Ба миқдори зиёд рагҳои хунгард дорад. «Аъзои муҳофизати»-и батн аст.  

Муфассал »