Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ЧИСТОН

question

ЧИСТОН, яке аз жанрҳои эҷодиёти даҳанакии халқ аст, ки ба шакли савол сохта шуда, дар он лавҳаҳои ҳаёт, хусусияту сифатҳои ашё ва ҳодисаҳои зиндагӣ қиёсан васф мешавад. Чистон дар қадим ба расму оинҳое, ки гуфтани номи аслии ашё ва ҳодисаҳоро манъ мекарданд (табу), вобаста буд. Баъдтар аҳамияти иҷтимоӣ пайдо кард. …

Муфассал »

Шаҳри ЧИРЧИҚ

chirchik-city

ЧИРЧИҚ, шаҳрест (аз 1035) дар вил. Тошкенти РСС Узбекистон. Дар водии д. Чирчиқ (шохоби рости д. Сир) воқеъ аст. Ст. р. о. Аҳолиаш 150 ҳаз, наф. (1984). Корхонаҳои саноати химия, мошинсозӣ, сабук, хӯрокворӣ ва ГЭС дорад.

Муфассал »

ЧИНОР

chanor

ЧИНОР, чанор, чинол, дулб (Platanus orientalis), дарахти азимест (аз оилаи чинориҳо), ки баргҳои панҷамонанд ва чӯби сахт дорад. Дар шароити Помиру Олой то 10—35 м қад мекашад, диаметри танааш ба 8,5 м мерасад. Дарахти хеле сершоху сербарг аст; дар сояи он китобхона, чойхонаву ошхона ҷой мегирад. Чинори худрӯй хоси ҷангалзори …

Муфассал »

ЧИНӢ

chini

ЧИНӢ (аз Чин, яъне хитой), чинивор, як навъ сафоли нафисеро гўянд, ки аз гилмояи сафед, хамирак минералҳо, оксидҳо ва диг. моддаҳои ғайриорганикӣ тайёр мекунанд. Аз сафол ва фаянс бо он фарқ мекунад, ки гилмояаш ниҳоят нафис буда, обу рутубатро аз худаш намегузаронад, рангаш сафед ва гармитобовар мебошад. Гилмояи Чинӣ аз …

Муфассал »

ЧИНИГУЛ

chinigul

ЧИНИГУЛ, мехчагули чили (Dianthus chinensis), як навъ гули маъмулро гӯянд; гиёҳи яксолаест аз ҷинси мехак (оилаи мехакиҳо), Баргаш нештзршакл, шукуфааш гулобӣ, одатан дар нӯги поя мешукуфад. Онро асосан аз тухм зиёд мекунанд. Навъҳои гуногуни боғӣ (сафед, сурх ва ғ.) дорад. Шукуфаи онҳо камгулбарг ё сергулбарг, рангоранг ва хушбӯй мешавад. Дар …

Муфассал »