Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШАМЯКИН Иван Петрович

shamyakin-i-p

ШАМЯКИН Иван Петрович (30. 1. 1921, деҳаи Корми раёни Добрутакин вил. Гомель), нависандаи советии белорус, ходими ҷамъиятӣ, Қаҳрамони меҳнати Социалистӣ (1981), Нависандаи халқии РССБ. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с.1943. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Асарҳояш аз с.1941 нашр мешаванд. Қаҳрамонии халқи советӣ дар ҷанг ва корнамоии онҳо дар …

Муфассал »

ШАНКАРА

shankara

ШАНКАРА (тахм. 788—820), фай-ласуфи диндор ва шоири ҳинд, ислоҳотчии ҳиндуия, Ақидаҳои пешинаи ортодоксалиро, ки нишондоди Ведаҳоро қабул доштанд, ба ҳам омехта, таълимоти адвайта — ведантаро инкишоф дод. Шанкар «Бараҳма-Сутра» («Веданта-Сутра»)-и Бадараява, Упанишадҳо ва «Бдагавадгита»-ро шарҳ додааст.

Муфассал »

ШАНБАЛИД

shanbalid

ШАНБАЛИД, гули шанбалид, шамлит, шамбалид, шанбала, хасбеда (Trigonella foenum-graecum), гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Аз 10 то 70 см қад мекашад. Баргаш думчадор (дарозиаш 4,5—5,5 см), мураккаб (аз баргчаҳо иборат аст), гулаш парвонашакли зард, бӯи хосае дорад. Фирдавсӣ гуфтааст: Зи наздик чун тарки Рустам бидид, Ва рухсор шуд чун гули …

Муфассал »

«ШАМЪИ АНҶУМАН»

book-1

«ШАМЪИ АНҶУМАН» тазкираест, ки Сиддиқ Сайидмуҳаммади Ҳасанхон таълиф кардааст. С. 1875 дар Бҳупол ба табъ расидааст. Шарҳи ҳоли 971 шоиронн мутаахир ва муосири муаллифро дар бар мегирад. Тартиби тазкира алифбоист. Танҳо ҳарфи аввали ном ва ё тахаллуси шоир риоя шудааст. Бо зикри Анварӣ оғоз шуда, бо Юсуфи Лакҳнавӣ ба анҷом …

Муфассал »

ШАМЪ

sham

ШАМЪ, моддаи парафиниеро гуянд, ки барои равшан кардани иқоматгоҳ истифода баранд. Шамъсозон дар гузашта Шамъро аз мум (озакерит) ва чарбу тайёр карда ба дарунаш пилта мегузоштанд. То кашфи чароғи давра ва электрикӣ Шамъ васоили асосии равшаноӣ буд. Шамъро маъмулан дар шамъдон мегузоштанд, Шамъдонҳо низ гуногун буданд. Ҳоло хелҳои гуногуни Шамъро …

Муфассал »