Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШАРИАТ

shariat

ШАРИАТ (ap.—қонун, ҳукм), 1) дар ислом, маҷмӯи қоидаю қонунҳои динӣ, нормаҳои ахлоқӣ, гражданию сиёсӣ ва ҷиноиест, ки барои ҳамаи мусулмонон воҷиб буда, гӯё мӯъминонро аз шар ва гумроҳӣ амин медоштааст. Асоси Шариат ва маънои истилоҳии он дар сураи «ҷосия»-и Қуръон, таъкид шудааст. Манбаи асосии Шариат Қуръон, суннат, қиёс, иҷмоъ, фатво …

Муфассал »

ШАРИФИ ТАБРЕЗӢ

ШАРИФИ ТАБРЕЗӢ (с. та в. номаълум—ваф. 1548, Ардабили Озарбойҷон), шоири форс-тоҷик. Дар шеъру шоирӣ устодаш Лисонии Табрезӣ ном шоире будааст. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо («Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисорӣ, «Ништари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Азимободӣ ва ғ.) Шарифи Табрезӣ ба ашъори хубу марғуб ва ҳаҷвияҳои нишонрас машҳури давр будааст. Барои як қасидаи ҳаҷвияш ба қатл маҳкум …

Муфассал »

ШАРДЁН Жан

jean-chardin

ШАРДЁН Жан (1643—1713), сайёҳи франсавӣ. С-ҳои 1664—77 ду бор ба кишварҳои Шарқ (асосан ба Эрон) сафар кардааст. Асарҳои Шардён бо унвони «Саёҳатҳои ҷаноби Шарден ба Форс ва дигар кпшвардои Шарқ» (10 ҷилд) с. 1723 дар Руан пас аз маргаш нашр шудаанд. Шардён дар асарҳояш роҷоеъ ба сохти дав-латдорӣ, маданияту адабиёт, …

Муфассал »

ШАРБАТ

sharbati-limu

ШАРБАТ, нӯшобаи ширин, шираи мева, ки қанд ё шакар дар он омехта мешавад. Навъҳои гуногуни Шарбат маълуманд: Шарбати анор. Донаи анорро 10—15 дақиқа дар об ҷӯшонида мегиранд. Сипас онро хунук карда, мефишуранд, то ки обаш ҷудо шавад. Ба оби анор шакар ё шира андохта, дар ҳолати хунукиаш менушанд. Шарбати зардолу. …

Муфассал »

ШАРАФХОНИ БИДЛИСӢ

ШАРАФХОНИ БИДЛИСӢ Шарафуддин ибни Амир Шамсуддин (20. 2. 1543, Карахрӯди наздикии Қум — байни с-ҳои 1599— 1606), таърихнавис ва адиби эронӣ. Падараш ҳокими вил. Курдистон — Бидлис буд. Шарафхони Бидлисӣ дар охири умр ба вазифаи ҳокимии вил. Бидлис расид ва то с. 1596 ҳукмронӣ маму д. Аз Шарафхони Бидлисӣ асари …

Муфассал »