Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШИКАМ

shikam

ШИКАМ, батн, қисми ба ҳали одамро гуянд, ки аз ҷавф (холигӣ) ва девораҳои он иборат аст. Девораи Ш.-ро пуст, мушак, апоневроз, фасцияҳо ташкил медиҳанд, ки аз ақиб бо сутунмуҳра пайваст шудаанд. Аз пешу паҳлу бошад, бо қабурғаҳо ва қисман бо қафаси сина пайваст мебошад. Аз сари сина то зиҳор хати …

Муфассал »

ШИКЕБИИ ИСФАҲОНӢ Муҳаммадризо

ШИКЕБИИ ИСФАҲОНӢ Муҳаммадризо (4557, Исфаҳон —1614, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳинндустон. Дар 34-солагӣ сафари Ҳиндустонро пеш гирифта, ба хидмати дарбор дохил шуд. Охири умр гушанишиниро ихтиёр кард, Ба қалами Ш. И. «Соқинома», маснавие оид ба фатҳи Синд аз тарафи Абдурраҳими Хони хонон (Раҳими) тааллуқ доранд. Дар тазкираву баёзҳо пораҳои қасоид, ғазалҳо …

Муфассал »

ШИКАМБА

shikamba

ШИКАМБА, шикамба, ишкамба, қисми аввал ва аз ҳама калони меъдаи ҳайвоноти жовандаро гуянд, ки қариб тамоми тарафи чапи ҷавфи шикамро дар бар мегирад. Ҳаҷми Ш.-и ҳайвони болиғ ба 4/5 ҳиссаи ҳаҷми тамоми меъда баробар аст. Девораи Ш. аз қабатҳои берунӣ (серозӣ), миёна (мушакӣ) ва дарунӣ (луобпарда) таркиб ёфтааст. Девораи дарунӣ …

Муфассал »

ШИЗОФРЕНИЯ

shizofreniya

ШИЗОФРЕНИЯ (аз юн. schizo — таҷзия мекунам ва phren — адл, фикр), як навъ бемории руҳиро гуянд. Сабаби Ш. алҳол маълум нест. Вобаста ба шакли Ш. дар шахс зуҳуроти гуногуни ихтилоли фаъолияти руҳӣ, яъне васваса, таваҳҳум (галлюцинация), ҳаяҷон, ё баръакс карахтӣ ба вуҷуд омада, ба қадри инкишофи беморӣ қувват мегирад. …

Муфассал »

ШИЁФ

ШИЁФ, як навъи дору (вазнаш аз 0,5 то 1 г); дар ҳарорати муқаррари сахт, вале аз таъсири гармии бадан мулоим ва об мешавад. Онро аз доруҳои гуногун ва равғани какав тайёр мекунанд. Ш.-ро ба рӯдаи рост ё маҳбал дохил мекунанд.

Муфассал »